Вакили дифоъи духтараки 12-сола аз Ҳисор, ки аз тарафи марди 42 сола таҷовуз шуда буд, аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Ҳисор ба Додгоҳи Олӣ шикоят бурдааст. Рӯзи 9 декабр марди таҷовузкор ба 5 соли зиндон маҳкум шуда, сипас бо татбиқи қонуни авф аз толори додгоҳ озод шуд.
Шикоят ба Додгоҳи Олӣ рӯзи 18 декабр бурда шудааст, хабар медиҳад хабаргузории “Азия Плюс”.
Раҳбари созмони ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” Гулчеҳра Раҳмонова, ки ҳимояи ҳуқуқии ҷониби ҷабрдидаро ба дӯш дорад ба хабаргузорӣ гуфтааст бо қарори додгоҳи ноҳияи Ҳисор розӣ нест. “Зеро дар рафти тафтишоти пешакӣ ва худи мурофиъаи судӣ камбудиҳои зиёде дида шуданд. Албатта парванда аз нав дида мешавад, аммо натиҷа чӣ хоҳад буд, намедонем” — гуфтааст Раҳмонова.
Гуфтанист, додраси додгоҳи ноҳияи Ҳисор Саидаҳмад Усмонзода рӯзи 9 декабр Ҳусниддин Абдуллоев, марди 42-солаеро, ки дар таҷовуз ба номуси духтарчаи 12-сола гунаҳкор дониста мешавад, аз толори додгоҳ озод кард.
Ин нафар, ки тибқи гуфтаи волидони духтар ҳамсояашон будааст ноболиғро соли 2019 дар оғил таҷовуз мекунад ва духтар аз тарс ба касе чизе намегӯяд. Баъди 7 — моҳа шудани тифли батнаш бибии духтари ноболиғ аз он чӣ ки ба сари наберааш омадааст, огоҳ мешавад. Духтар нақл кардааст, ки марди таҷовузкор дар даст корд дошт ва бо таҳдиду зӯрӣ ӯро таҷовуз кард.
Ин масъаларо раиси Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бардошта буд. Ӯ дар як аризааш ба унвони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори кишвар навиштааст, ки соли 2019 як сокини 42 — солаи ин деҳа бо номи Хусниддин Абдуллоев духтари 12 — солаи ҳамсояашро дар оғилхонаашон таҷовуз кардааст. Ин духтар, ки соли таваллудаш 2007 мебошад, ду моҳ пеш кӯдак таваллуд кардааст. Зойиров аз он нигарон буд, ки мақомоти корҳои дохилии шаҳри Ҳисор ин ҳодисаро пинҳон мекунанд. Ба гуфти ӯ кормандони ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ҳодисаи ба сари ин духтарак омадаро ранги дигар диҳанд ва ҳукм ҳам бароранд, ки ин ҳодиса таҷовуз ба номус набуда, ин духтар аз дигар мард ҳомиладор шудааст. Вақте волидайн аз ҳодиса огоҳ мешаванд, Абдуллоев бо таҳдид ба духтар ва волидайнаш онҳоро аз навиштани ариза ба мақомот боз медорад.
Додситонии кулл аз аввали ҳодиса дар ҷараёни ин ҳодиса буд ва дар озод шудани Абдуллоев ҳам кӯмак кардааст. Фаррух Рауфов, муовини сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакии Додситонии кулл рӯзи 14 — уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфта буд: “ҳодиса ҳанӯз то тавалуди кӯдак мавриди тафтиши пешакӣ қарор дошт ва ташхиси ДНК анҷом дода мешавад, ки падари биологии кӯдакро маълум кунанд”.
Дар бораи ин ташхис раҳбари Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” Гулчеҳра Раҳмонова, ки ҳимояи ҳуқуқии ҷониби ҷабрдидаро ба дӯш дорад ба Азия Плюс чунин гуфтааст:
“Дар ҷараёни омӯзиши парвандаи ҷиноӣ маълум шуд, ки ташхиси хунро (аз таҷовузгар) ҳамшираи шафқат бе ҳузури шоҳидон гирифтааст. Дар маводи парванда зикр шудааст, ки аз Абдуллоев 10 мг хун гирифта шуд, аммо вақте хунро ба беморхонаи Қараболои Душанбе оварданд, он 8 мг шудааст. Дар мо ин суол пайдо шудааст: 2 мг хун куҷо шуд?”
Вақте Додситонии кулл ташхиси хун гирифтааст, ё ҳади ақал аз он хабар дорад, пас бояд ба ин суол посух диҳад, ки 2 мг хунро куҷо кард?. Ягона фарзияе, ки ба зеҳн меояд ин аст, ки хун дар роҳ иваз шудааст ва додситонӣ аз он хабар дорад.
Ҳамчунин Гулчеҳра Раҳмонова мегӯяд, “мо пофишорӣ кардем, ки нисбати гунаҳкор моддаи 138, қ.3 (Тазовуз ба номус) татбиқ шавад, аммо додгоҳ қарорашро тибқи моддаи 141, қ. 1-и КҶ ҶТ (алоқаи ҷинсӣ ё амалҳои дигари шаҳвонӣ нисбати шахсӣ ба 16-солагӣ нарасида бе нишонаҳои ҷиноят) содир кард.
Додситони кулл бояд ба ин суол ҳам посух гӯяд, ки чӣ гуна тавонистааст дар дастдарозкунии марди 42-сола ба номуси духтарчаи 12-сола нишонаҳои ҷиноятро набинад?
Аз аҷобатҳои ин парванда ин аст, ки қарори додгоҳ ҳамагӣ дар 1,5 рӯз содир шудааст. Яъне парвандае ба ин чигиливу бузургӣ ва пурсарусадоро додрас дар 1.5 рӯз омӯхта рӯзи дуввуми мурофиъа қарори худро содир намудааст.
Ҳукми додгоҳи ноҳияи Ҳисор шӯре дар шабакаҳои иҷтимоӣ андохтааст. Корбарон талаб мекунанд на танҳо таҷовузгар, балки додрас Усмонзода низ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

