Ин маълумот дар гузориши охирони Бонки ҷаҳонӣ дарҷ гардида, Тоҷикистон аз нигоҳи ҳамлу нақли коло дар байни ҷамоҳири Осиёи Марказӣ дар мақоми охир ва дар байни 160 давлати ҷаҳон ҷои 153- ро ишғол намудааст.
Далелҳо ҳокист, ки аз ин чанд сол пеш Тоҷикистон дар ин самт мавқеи хубтареро соҳиб буд ва Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши соли 2014- и худ ин кишварро дар ҷои 114- уми феҳрест гузошта, соли 2012 мақоми 136 ва соли 2010 ҷои 131 -ро дода буд. Имсол мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ хеле коҳиш ёфтааст ва дар феҳрести мамолике омадааст, ки ҳамлу нақли коло нигаронкунанда мебошад.
Таъкид мегардад, ки Бонки ҷаҳонӣ ин қабил гузориши худро дар ду сол як бор ба нашр мерасонад ва 160 давлати рӯи заминро дар ин замина омӯхта ва баҳогузорӣ мекунад. Ин ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ нишондодҳои ба расмиятдарорӣ дар гумрук, инфрасохтор, соддагӣ, қиммати таҳвил, рақобатпазирӣ ва сифати хизматрасонӣ, пайгирию контроли коло ва таҳвили онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ҳамчунин таъкид мегардад, ки ба шаффофият, суръат ва содагии фаъолияти гумруки 160 кишвари ҷаҳон ҳангоми ҳамлу нақли бор баҳои ҳаққонӣ дода шуда, Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ин самт ба ҷои 150-ум мушарраф гардидааст.
Тибқи гузориши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон пешсаф аст ва мақоми 77- уми раддабандиро ишғол намудааст. Ӯзбекистон дар ҷои 118, Туркманистон 140 ва Қирғизистон назар ба Тоҷикистон панҷ зина пештар дар мақоми 149 омадааст. Ба навиштаи Бонки ҷаҳонӣ Олмон, Люксембург ва Шветсия аз давлатҳои пешгом ҳастанд ва сегонаи пеши раддабандиро ташкил медиҳанд. Ҳаитӣ, Сомалӣ ва Сурия кишварҳое будаанд, ки ҳамлу нақли коло дар сатҳи ниҳоят паст қарор доранд ва зинаҳои охирини шохисро ишғол намудаанд.