Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоЭрон яке аз 10 кишвари аввали пазирандаи муҳоҷирону паноҳандагон дар ҷаҳон

Эрон яке аз 10 кишвари аввали пазирандаи муҳоҷирону паноҳандагон дар ҷаҳон

Туши Тсуку Ковочи Раиси дафтари Комиссариати олии Созмони милал дар умури паноҳандагон, ки мустақар дар Машҳади Эрон аст, дар  мусоҳибааш бо хабарнигори ИРНА гуфтааст, Ҷумҳурии исломии Эрон беҳтарин ва амнтарин кишвар барои паноҳандагон дар ҷаҳон аст.

Ковочи рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзудааст, бо тавваҷуҳ ба буҳрон дар минтақа, Эрон ба хубӣ паноҳҷуёнро паноҳ медиҳаду аз онон муҳофизат мекунад.

Хадамоти зиёдеро дар муддатҳои тӯлонӣ ба паноҳандагон ироа медиҳад ва ин коре арзишӣ ва мондагор барои ҷаҳониён аст.

Як паноҳанда дар ҶИ Эрон, ки нахост номаш ифшо шавад, ба ПАЁМ.net гуфт, дар ҳақиқат Эрон дар масоили паноҳандагӣ диққати хоссае додааст ва месазад гуфт, ки кишвари амн аст. Аммо тадобири амниятӣ дар ин кишвар ба гунаи ҷиддӣ риоя мешавад ва паноҳандагон мисли паноҳандагони кишварҳои аврупоӣ озоду мустақил нестанд. Ҳар қадами паноҳандаву муҳоҷир дар Эрон «шуморида» мешавад

Бар асоси омори Созмони милал, Эрон бо мизбонӣ аз се миллион паноҳанда, яке аз 10 кишвари аввали пазирандаи муҳоҷирону паноҳандагон дар ҷаҳон аст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика