Кумандони пойгоҳи ҳарбии 201 Руссия дар Тоҷикистон иваз шуд. Дар ин вазифа полковник Денис Ляминро собиқ кумандони қувваҳои бригадаи десантӣ генерал майёр Олег Митяев иваз кардааст.
Дар ин бора оҷонсии иттилоотии хабар додааст.
Роҳбари собиқи пойгоҳи ҳарбии 201 полковник Денис Лямин қумандони пойгоҳи ҳарбии навташкили танкӣ дар Челябинск таъин гардидааст.
Генерал майёр Олег Митяев хатмкардаи донигшгоҳи ҳарбии Омск буда, аз қумандони взвод то ба дараҷаи генералӣ расидааст. Соҳиби чанд ордену медали кишвараш буда оиладор ва соҳиби як духтар мебошад.