Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоХатлон аз инҳисори Ӯзбакистон раҳо ёфт

Хатлон аз инҳисори Ӯзбакистон раҳо ёфт

Баъд аз интизориҳои тӯлоӣ роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа- Кӯлоб расман ифтитоҳ ёфт.
Субҳи имрӯз 24 -уми август соати 6.00 аз шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дохили қаторае, ки бори нахуст ба самти Кӯлоб ҳаракат мекард, раҳсипор гардид ва ӯро ба ҷузъ аз мақомдорони сиёсӣ намояндагони қишри мадании ҷомеа низ ҳамроҳӣ мекарданд.

Гуфта мешавад, дар дохили қатора ду шоири саршиноси тоҷик Муъмин Қаноат ва Бозор Собир низ “Пешвои миллат” ро ҳамроҳӣ доштанд. Раҳмон аз нақши таърихии ин роҳи барои Тоҷикистон муҳим чунин гуфтааст:
«Дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон-биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳимми мо, амалӣ гардид»
Дафтари матбуоти президент мегӯяд, барои сохта ба истифода додани роҳи Душанбе- Қӯрғонтеппа- Кӯлоб ҳудуди 165 миллион сомонӣ харҷ гаштааст ва ин шоҳроҳ се нақбро дарбар мегирад, ки дарозии умумиашон 3643 метр аст. Яке аз нақбҳои дар ин шоҳроҳ кандашуда 2209 метрро ташкил мекунад. Ҳамчунин даъкид шудааст, ки роҳи оҳани мазкур 8 пули замонавиро фаро гирифтааст, ки қатораҳо аз болои он убур хоҳанд кард.
Мутахассисон мегӯянд, акнун роҳи оҳан то Кӯлоб дар қиёс ба роҳе, ки аз Ӯзбакистон убур менамуд, 313 километр ихтисор гаштааст ва тӯли он дар маҷмӯъ 119 километрро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки ин роҳ ба минтақаи Хатлон, ҷануби Тоҷикистон фоидаи хуби иқтисодӣ меорад ва барои рушди инфрасохтори минтақа мусоидат хоҳад намуд. Гуфта мешавад, ҳар як тоннаи бори интиқолёбанда ба ин қаламрав 120 сомонӣ арзон шуда, ба 35- 40 сомонӣ баробар хоҳад гашт. Қаблан ҳар як тонна бор ба Хатлон бар ивази зиёдтар аз 160 сомонӣ интиқол меёфт.
Иқтисоддонҳои тоҷик гуфтаанд, роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа -Кӯлоб дар як сол 46 миллон сомонӣ фоида хоҳад овард ва ин масир дар идомаи даҳ соли оянда хараҷоти худро пурра хоҳад пӯшонид.
Ёдовар мегардем, Душанбе бо Кӯлоб қаблан бо хатти роҳи оҳани Ӯзбакистон пайваст мегашт ва қатораҳо хоки ҳамсоякишварро убур карда, ба манзил мерасиданд. Аммо ҳаракат аз ин роҳ барои Тоҷикистон ҳамеша осон набуд ва Ӯзбакистон барои фишор ба мақомоти Душанбе сари ҳар чанд вақт роҳро масдуд мекард. Ахиран баъд аз баҳсҳои гарму доғ перомуни ГЭС- и “Роғун” Ӯзбакистон нахост агрегатҳо ва дигар колои барои сохтани обамбори ин иншооти барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим аз тариқи қаламраваш ворид гардад ва бо як баҳона роҳи Тирмиз- Амузангро баст. Алҳол роҳи оҳан дар ин минтақа аз тарафи Ӯзбакистон пурра барчидашуда, ҷояш ба майдонҳои кишт мубаддал гаштааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?