Ба дасти мо матни баромади Бузургмеҳр Ёров дар бораи иттиҳоми мақомот алайҳи ӯ, ки гӯё аз нафаре бо номи Одинаев Эмомалӣ бо роҳи тақаллуб пул гирифтааст ва сабти садоии гуфтугӯи ҳамсари Бузургмеҳр бо Э. Одинаев расидааст.
Дар ин баромадаш Бузургмеҳр собит мекунад, ки ин як иттиҳоми сохта аст ва ӯ аз ин нафар пул нагирифтааст. Аммо дар сабти гуфтугӯи Одинаев ба ҳамсари Бузургмеҳр собит карданӣ мешавад, ки ӯ аслан ариза нанавиштааст.
Мо қарор додем матни баромади Бузургмеҳр Ёров ва стенограммаи гуфтугӯи ҳамсараш бо Одинаевро нашр намоем ва қазоватро ба худӣ хонанда гузорем:
Лаҳзаи тӯҳмат намудани шаҳрванд Одинаев Эмомалӣ оиди додани 200$-и ИМА.
Бо ин лаҳза ба ман бо моддаи 247, кисми 2 бандхои а,в аз рӯи варианти дуюми сохтакоронаи қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда ва эълон намудани айби нав дида мешавад, ки тафтишот беасос айб эълон намудааст. Аз рӯи он гуё, ки :
«Боз моҳи марти соли 2012… ба у шахрванд Одинаев Эмомалӣ Талбакович муроҷиат намудааст. Ёров Б.Р. ба ин муроҷиати шаҳрванд Одинаев Э.Т. розӣ шуда, бо мақсади такроран тассаруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ, расман созишноми ҳуқуқӣ набаста, аз охирин маблағи 200$-и ИМА талаб намуда, ваъда додааст, ки дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ иштирок намуда, бегуноҳии Одинаев Э.-ро исбот месозад. Ба ин фиреби ӯ шахрванд Одинаев Э. бовар карда, аз шиносҳояш маблағи 200 $ қарз гирифта ба Ёров Б. додааст. Сипас Ёров Б. маблағи тассаруфнамудаашро бидуни хазинаи коллегияи мазкур ба манфиати худ сарф намуда, бо вайрон намудани одоби касбии адвокат, ҳамагӣ дар як амали тафтишотӣ иштирок намуда, ба ҷабрдида Одинаев Э. ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонида, ба охирин зарари ҷиддӣ расонидааст.»
Ин қисмати айб низ нисбати ман нодуруст мебошад, агар ба пурсиши ман дар Ҷ.3 саҳ. 161-166 диккат карда шавад, пас дида мешавад, ки дар ин пурсиш ман аз рӯи аризаи Одинаев Э. нишондод дода истодаам, ки ӯ дар он оиди додани 200 $ қарз ба ман баён намудааст. Вобаста ба ин ман нишондод дода будам, ки ҳеҷ вақт Одинаев Э. ба ман 200$ қарз додагӣ нест. Зеро ман маоши хуб мегирам, оилаам кор менамояд, маоши хуб мегирад, ба хоҷагидорӣ машғул ҳастам. Чӣ зарурият дорам, ки аз шахси бегона қарз гирам. Оиди он нишон дода будам, ки Одинаев Э.-ро бо воситаи хусурбачаам Набиев Зафар мешиносам. Набиев Зафар бо додари Одинаев Эмомалӣ — ба номи Иброншо, ки корманди ВКД мебошад, дар як кӯча истиқомат менамояд ва масофаи хонаи онҳо 25-30 метр мебошад. Ҳангоме, ки Одинаев Э.-ро ба ҳабс гирифтанд, Иброншову Зафар ҷои кори ман омада, Иброншо 400 ё 500 сомонӣ барои ҳимояи Одинаев Э. дод.
Минбаъд тафтишот нишондоди манро гирифта, аризаи Одинаев Э., баёноту пурсишҳои ӯро дигаргун менамояд, дигар дар ин хуҷҷатҳо тӯҳмати додани қарз нест, гуё ӯ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ пул дода бошад. Ин сохтакории тафтишотро аз он исбот намудан мумкин аст, ки дар Ҷ. 3 саҳ 161-166 муфаттиш ягон маротиба оиди он савол намедиҳад, ки шумо оиди кадом қарз нишондод дода истодаед, зеро дар аризаи Одинаев Э. умуман ягон сухан оиди додани қарз нест? Ё ин ки тафтишот ба дараҷаи олӣ бесавод буд, ки намедонад, дар кадом хусусе пурсиши манро гузаронида истодааст. Чӣ даркор чунин тафтишоту Абдурасулзода А. , ки мо ва мардумро фиреб карда истодааст. Аз ҳисоби андозҳои мо маош гирифта, ба сохтакории далелҳо машғул аст.
Ба тафтишот ман стенограммаи сӯҳбати оилаам Набиева З. ва тӯҳматчӣ Одинаев Эмомалиро оиди сабабҳои тӯҳматаш , ки дар заминаи таъқиби сиёсӣ–маҷбурӣ аз тарафи у ба вучуд омадааст, пешниҳод кардам. Инчунин дар пурсиши охирини худ дар протоколҳои дастнавис ман ин ҳолатро нишон додам.
Стенограммаи гуфтугӯи Зарина (ҳамсари Бузургмеҳр ва Эмомалӣ Одинаев:
Зарина (ҳамсари Бузургмеҳр).: — Салом. Созӣ, тинҷӣ?
Эмомалӣ Одинаев:- Нағзӣ?
З.:- Мешава, соз. Меган ариза навиштай?
Э.: — Кӣ навиштай? Чӣ хелӣ ариза?
З.: — Ҳамин рўз ман дар УВД будам, ариза аз номи Одинаев.
Э.: — Ма 10 бор гуфтам, фикр накунен Бузурга ай шумо хубтар ранги акаву додар медонум. Даҳҳо маротиба мора бурдан, фарёд кардан, додарома дигарора. Уҷа мо нависондем аризара пешакӣ. Ариза ки адвокати мо ин кас набуд, адвокати мо Меҳрубон буд. Меҳрубона фарёд кардан бурдан. Меҳрубон тасдиқ кард. Ман набудам, маҳкам будам. Баъд додари милисама Иброншора фарёд карданд. Уҷа баъзе сирҳои давлатӣ аст, ки худат медонӣ, бояд ма нагум увора.
З.: — Ягон сирри давлатӣ нест, 247 аст. 28-умда дела тамом мешава.
Э.: — Не, гапҳои давлатие, ки мора меган, ки ту ҳами гапа бгу мисоли гап. Намефаҳмӣ? Намефаҳмӣ, ки ҳаму мардак ба номи Оллоҳ қасам ма дар пеши падарум ҳам мегум, ки Эмомалӣ 10 сомон биёр барои корам. Баъд гуфтам, ки як гаптон мегум, агар шумо хоҳен, ки ай руи ту дону Худо нависам, рўзи қиёмат дар назди Худованд ҷавоб бтен, ма ҳаққи ҳами мардака 1 сомон додагӣ нестам. То пеши началники калони УВД бурданмон. Хулоса, майда-чайдашда не. Пеши танка бурдан як сутка маҳкамам кардан.
З.: — Ма ҳами рўз УВД рафта будам, аризаи шумо ҳаст.
Э.: — Гуш кун гапа. Як сутка маҳкам карданд, ки чизе, ки мо мегем менависӣ, набоша… Ма гуфтам, ки ака, калон, раис, сардор, роҳбар, уво меган мо чӣ мегем, ту чӣ мегўй. Ахир ба хулосае омад, ки додарум рафт, гуфт ки ҳами набуд, худи МВД бурданум, гуфтанд, ки кор тамом МВД гуфт, ки чанд сӯм додаӣ? Дар ҳақиқат ма намедонум. Додарум гуфт, ки ҳамагӣ 200 доллар додагием. Номи мара дар телевизор хондан. Ман гуфтам, ки ай Худо метарсум, имрўз дурўғ мегӯм, дар назди Парвардигор чӣ ҷавоб метум. Додарум дар Дубай буд, ай иҷа телефонаш кардан, гуфт 200 доллар. 200 доллар овардан ман надодам, додаром Меҳрубонда додан. Ариза ай номи ман рафтагиай Одинаев Эмомалӣ, лекин дар санксияҳо Одинаев Вайсиддин аст. Меҳрубона медонӣ? Хозир чи хелай нисбати ту?
З.: — Меҳрубон ҳозир қати ма гап намезана рӯзи дароз дар хонаи мо буд.
Э.: — Вақте ки Меҳрубона қати мо рӯбарӯ кард, …(нофаҳмо) як гапо мега, ки бовар намекунӣ, гуфтам, ки шумо садқаи нону намаки ҳаму шавен. Шогирдаш, ки ай дасти пири ҳами одам шид.
З.: — Ҳозир Бузург мега, ки ма ай уво 500 сомонӣ гирифтам.
Э.: — Ай кӣ?
З.: — Ай шумо.
Э.: — Мо ягон сӯм гуфтагӣ нестем. Мо гуфтем, ки Меҳрубонда додем, ӯра ягон тин нагуфтем. Шахсан ман худам додам, лекин нагуфтам, ки додам, тамоман надодам. Додарум гуфт, ки 200 доллар Меҳрубонда додем. Меҳрубон гуфт, ки 250 доллар гирифтам. Боз ай сари нав гаштан аризаро ба номи ман Одинаев Эмомалб…
З.: — Ҳозир аризара кӣ навиштагиай?
Э.: — Ариза ай номи ма Одинаев Э.
З.: — Нисбати Бузург ё Меҳрубон?
Э.: — Нисбати ӯ, чандқа додӣ? Эй Зарина, ту бфаҳм ай 200 доллар ягон ҷои дуруғаш нестай. Меҳрубонда додем, дар дасти шогирдаш додем гуфтагием, вай тасдиқ кард, ки гирифтам.
З.: — Шумо Меҳрубонда додагиен, Меҳрубон Бузургда додай?
Э.: — Ман намедонум кида додай.
З.: — Ариза навиштен, ки Бузург гирифта ё Меҳрубон?
Э.: — Меҳрубона фарёд кардан.
З.: — Имрўз мара мега, ки у гирифта.
Э.: — Ма додари милисама мегӯм, нусхаша бигиран биёран нишонат бта. Иброншои додарум милисаа, ман шахсан даҳ борҳо гуфтам, ман маҳкам будам, Бузурга намешиносам. Мо 200 доллар Меҳрубонда додем.
З.: – Ҳами гапора дар ариза навиштагии?
Э.: — Дар Суди мо Бузург ҳамагӣ як маротиба иштирок кард, гуфт, ки шогирдам иштирок мекуна. Бо ҳамин Бузурга надидем. 200 доллар дар дасти Меҳрубон додем. Меҳрубон тасдиқ кард, мо гуфтем, ки мумкин камтар мега, гуфт, ки 250 гирифтагиам. Боз як рўзи дигар ай сар фарёд кардан, баъд Иброншо додарум рафт, гуфт хайр 250 доллар, дар хотирам нест точно. Мо Меҳрубонда додем, Меҳрубон гуфт, ки ман гирифтам. Мо Бузурга тамоман гуфтагӣ нестем. Аризаҳоро метавонӣ брай бхонӣ, Иброншои додарум мебара нусхаша нишон мета, муфаттишора мешиноса, ки мо чӣ гуфтем. 200 доллар гуфтем пеши Самеъда.
Ин сиёсати ҳукумат аст, Заринаҷон. Ҳозир алҳамдуллилоҳ Худованд додарум милисаа, мегуфтанд, ки бнавис 20 ҳазор доллар.
З.: — Мара ҳамихели гуфтанд, ма гуфтам, ки уво ҳамсояан якумаш уво намекардан. Вақте ки мегирифт мардак, шумо қарз навиштаен. Бузург гуфт, ки якумаш ма бепул намемондам, иқа хешу табор дорум, чиба мерам ай уво қарз мегирам. Ман гуфтам, ки раз қарз гирифта буд, мара медонист, хонаи очаи мара медонист, меомад мегуфт, ки қарздорен.
Э.: — Аризаро метонен брен бхонен. Боз мегӯм, ки аввалаш Худованд, ки додарум дар ҳамуҷа кор мекуна… (нофаҳмо) накардам, мега бги бку, не гуфта метонистум? Бузург бояд худаш бфаҳма. Мисоли гап ма бгум, ки 20 ҳазор доллар (нофаҳмо) Метонен аризаро брен бхонен. Мара имонам намебардорад.
З.: — 200 доллар қарз гирифтагиа?
Э.: — Зарина гӯш кун, ариза 200 доллар агар 247 боша барои востанавиткунӣ, мерам месупорам 200 долларша, 20 ҳазор доллар мегуфт ай куҷо меовард? Зарина кори давлат шухӣ нест, сиёсати давлат, Худованд аввалаш ки броя ма дар намозом дуо мекунам дар ҳақаш, лекин ин сиёсати болоӣ аст. Парвардигор броя. Увора гирифтан 5-то статья буд.
З.: — 247 бошад, ҳамагӣ ина 100 ҳазор доллар шида боша, хонаша мефурӯша…