Муфтии Арабистони Саъудӣ аз мусалмонони ҷаҳон даъват кардааст дар намози бомдод барои Ҳалаб дуъои қунут хонанд.
Абдулъазиз бин Абдуллоҳ оли Шайх, муфтӣ ва раиси ҳайати уламои кибори Арабистони Саъудӣ аз имомони масоҷид даъват кардааст фардо дар намози бомдод барои наҷоти мусалмонон, бахусус мардуми Ҳалаб дуъои қунут хонанд.
Хондани дуъои қунут дар ракаати дуввуми намози бомдод ҳангоми сахтӣ суннат буда, баъди ракаати дуввум имом бо бардоштани даст қироъат мекунад.
Артиши низоми Башор Асад баъди ғасби шарқи Ҳалаб, ки то чанд рӯз пеш дар ихтиёри мухолифин қарор дошт, ба қатли оми мардуми он шурӯъ кардаанд. Соате пеш торнамои Ал-арабия гузориш дод, ки тамоми табибон ва кормандони яке аз бемористонҳои шарқи Ҳалаб тавассути артиши режим эъдом шудаанд.