Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоҲукумати шаҳри Душанбе аз натиҷаи “ҷанг бо танӯри мардум” хушҳол аст

Ҳукумати шаҳри Душанбе аз натиҷаи “ҷанг бо танӯри мардум” хушҳол аст

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо қаноатмандӣ гуфтааст, дар пайи чорабиниҳои фаврӣ, ки ба хотири 130 рӯзи ободонӣ дар пойтахт баргузор гаштанд, давоми соли ҷорӣ ҳар навъ иншооте, ки ба таври худсарона дар шаҳр сохта шудаанд, вайрон карда шуданд.

Раиси шаҳр дар ҳисоботи солонаи худ зикр намудааст, ки 164 дӯкон, 1144 танӯр, 3273 мошинсарой, 134 контейнер, ки бидуни иҷозати идороти дахлдор ғайриқонунӣ бунёд ёфта буданд, ба тамом тахриб гардиданд ва “Дар натиҷа 559 ҳазору 279 метри мураббаъ замини истифодаи умум ба ҳолати аввала баргардонида шуд”.
Маҳадсаид Убайдуллоев кори нафаронеро, ки дар қатори биноҳо, мошинсарой ва дигар иншоот ба тахриби танӯрҳои мардум даст заданд, “заҳмати хастанопазир” номид ва фаъолияти онҳоро ситоиш намуд.
Шаҳрдории Душанбе ният дорад, ки соли оянда ба ҷои заминҳои холишуда майдончаҳои варзишӣ барои бачаҳо бисозад. Аммо мардуми ҳолдон дар он назаранд, ки масъулин ин қитъаҳои холишударо бар ивази ришва ба одамони сарватманд дубора хоҳанд фурӯхт ва кӯдакони маҳаллаҳои шаҳр майдонҳои бозиро дар хоби шаб хоҳанд дид.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика