Як донишҷӯи тоҷик аз шӯъбаи ғоибонаи риштаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи Ҳасанбой Асадов аз Бонки миллии Тоҷикистон бо ирсоли номае дархост намудааст, ки дар пули нави 1000-сомонӣ акси раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дарҷ бигардад.
Бонки миллии ҷумҳурӣ дар номаи расмии худ ба ин ҷонишҷӯ гуфтааст, ки пешниҳоди хубе карда аст ва бонк онро ҷонибдорӣ мекунад, аммо барои дар амал татбиқ гардидани ин ташаббуси нек фурсат лозим аст. Дар номаи Бонки миллӣӣ Тоҷикистон аз ҷумла омадааст: «Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми неки Шуморо дар бораи ба муомилот баровардани асъори миллӣ бо арзиши 1000 сомонӣ бо дар ороиши он ҷойгир намудани акси (расм) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро қобили дастгирӣ меҳисобад ва иттилоъ медиҳад, ки раванди омода намудан ва ба муомилот баровардани асъори нави миллӣ як давраи муайянро тақозо менамояд, то ин ки мутахасисон дар ин давра тавонанд омӯзиш ва корҳои лозимиро ба сомон расонанд.”
Ҳасанбой Асадов муддати як сол аст, ки барои дар амал татбиқ сохтани ин орзуи худ талош меварзад ва ҳатто дар ин робита ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ низ муроҷиат намудааст. Вай тарҳи пули 1000 сомониро бо акси “Пешвои миллат” ва “Қасри Миллат”, ки қароргоҳи раисҷумҳур дар шаҳри Душанбе мебошад, офарида аст ва мудом тарғиб менамояд. Ин донишҷӯ мутмаин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистон сулҳ овардааст ва асосгузори ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар пули 1000 сомонӣ дарҷ гаштани суратӣ раисҷумҳурро қадрдонии хидмаҳои ӯ дар пеши халқу ватан унвон кардааст.
Ин бори аввал нест, ки дар пули 1000 сомонии нав дарҷ гаштани сурати Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони ҷомеа пешниҳод мегардад. Дар арафаи иди 25 солагии истиқлоли ҷумҳурӣ дар моҳи сентяб Шариф Каримов – раҳбари шӯъбаи «Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Шаҳринав низ бо ин пешниҳод мақолае навишта буд. Вай дар навиштаи худ Раҳмонро “Атои худованд ба миллат” унвон карда буд.
Гуфта мешавад, ҳарчанд дар пулҳои пешин расми абармардони миллати тоҷик, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, ба монанди Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффуров, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва дигарон дарҷ гардидаанд, аммо бори аввал аст, ки сурати раҳбари ҳанӯз зинда пешниҳод мегардад. Ҳарчанд тарафдорони ин пешниҳод даъво доранд, ки дар пули нави 1000 сомонӣ дарҷи расми раисҷумҳур қадрдонӣ нисбати ӯст, аммо бархе аз коршиносон ин амалро камоли шахспарастӣ медонанд ва ҳамеша ҷомеаи тоҷикро таҳти танқид қарор медиҳанд, ки шахсияти раҳбари аввали ҷумҳуриро дар мадди аввал гузошта, ин корро ба ҳадди ифрот расондаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири соли 2015 бо пазируфта шудани як қонун Эмомалӣ Раҳмон расман унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро гирифт. Моҳи майи соли 2016 Қонуни асосии кишвар таҳрир карда шуд ва дар пайи он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «Пешвои миллат” ҳақбар гардид, ки дар интихоботи президентӣ номзадиашро бидуни ягон пешниҳоде худаш бигузорад. Ниҳодҳои обрӯманди ҷаҳонӣ ҳамеша ҷомеаи тамаллуқкори тоҷиконро танқид мекунанд, ки сиёсати худкомаи Раҳмонро тарафдорӣ карда, парастиши шахсияти ӯро далели ваҳдат ва субот меҳисобанд.