Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоМатвиенко гуфт, ки ВКД барои ихроҷи муҳоҷирон дасткӯтоҳ аст

Матвиенко гуфт, ки ВКД барои ихроҷи муҳоҷирон дасткӯтоҳ аст

Марказҳои муҳоҷирон, ки дар он муҳоҷирони кории қонунҳои буду бош ва меҳнатии Руссияро хилофкарда боздошт ва муваққан то судури ҳукми додгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, дар ин авохир пур шудаанд ва наметавонанд дигар чунин афродро қабул кунанд.

Аксари муҳоҷирон то шаш моҳ дар ин марокиз монда, интизорӣ мекашанд, ки кай ба ватан ихроҷ мегарданд. Хориҷ кардани муҳоҷирон ба зиммаи Вазорати корҳои дохилаи Руссия афтодааст. Аммо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия бо нигарониҳои зиёде таъкид кардааст, ки ВКД дар ҳисоби худ барои хориҷ кардани муҳоҷирон маблағи казоӣ надорад. Вай пешниҳод намудааст, ки ихроҷи муҳоҷиронро худи минтақаҳои кордиҳандаи Руссия бар зимма бигиранд.

Ба гуфтаи хонум Валентина Матвиенко як дарсади даромад аз патент минбаъд агар барои хориҷ кардани муҳоҷирони боздоштгардида ҷудо шавад, мушкил ҳал хоҳад шуд. Вай афзудааст:

Марказҳои муҳоҷирон пур шудаанд, аммо бархе аз онҳо то ним сол дар онҷо ҳастанд. Мисле ки дар истироҳатгоҳ бошанд

Дар ҳамин ҳол Раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфтааст, ки дар Марказҳои муҳоҷирон бояд замони муваққатан нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ муайян гардад. Дар акси ҳол чунин муҳоҷирон ба дарди сари дигаре мубаддал мегарданд, яъне ҳукумати Руссия маҷбур мешавад, ки онҳро ба дарозо хӯрондаву пӯшонад. Ба навиштаи расонаҳои хабарии русӣ баррасии ин масъала ба кумитаи амният ва буҷаи Шурои федератсия ирсол гашта, интизор меравад, ки сар аз соли нави 2017 дар ин замина тағйирот ба амал хоҳад омад.

Назар ба маълумотҳо имрӯз аз Тоҷикистон зиёдтар аз 1 миллион муҳоҷири корӣ дар Руссия кор ва ба ин тартиб чархаи рӯзгори худро мегардонанд. Дар пайи амалиёти густардаи идороти махсуси Руссия дар қатори шарвандони дигар кишварҳо ҳазорҳо табааи Тоҷикистон низ ба далели нақзи қонунҳои буду бош ва меҳнатии ин кишвар боздошт ва қисмати аъзами онҳо аз 3 то 5 сол аз ҳаққи вуруд ба хоки Руссия маҳрум гашта, ба ватан истирдод шудаанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика