Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоДӯстумро ба таҳқири ҷинсии як мансабдор айбдор медонанд

Дӯстумро ба таҳқири ҷинсии як мансабдор айбдор медонанд

Як нафар мақомдори афғон даъво дорад, ки махсус бо фармони Вице-президент Абдулрашид Дўстум вайро зӯран рабудаанд ва ба таҳқири ҷинсиаш даст задаанд.

Ин одам Аҳмад Ишчи ном дошта, собиқ ҳокими вилояти Ҷовузҷон мебошад, ки Генерал Дӯстум ҳам дар ҳамин минтақа ба дунё омадааст. Ба гуфтаи Аҳмад Ишчи, Генерал Дӯстум ва даҳ нафар зердастонаш вайро моҳи гузашта дар давоми панҷ рӯз дар хонаи Дӯстум маҷбуран нигаҳ доштаанд ва шаъни ӯро таҳқир намудаанд.

Аммо Генерал Дўстум ин иттиҳомотро бепоя хонда гуфтааст, ки ин даъвоҳои Ишчи алайҳи ӯ як провакатсия аст. Ба гуфтаи ин мақомдори Афғонистон Аҳмад Ишчиро вай ва зердастони мусаллаҳаш не, балки хадамоти амнияти Афғонистон рабудаанд. Дар баёнияе аз номи Дӯстум таъкид гардидааст, ки Ишчиро барои таъмини молиявии мухолифон ва дахолати мунтазами ӯ ба масоили амнияти минтақа кормандони хадамоти амнияти афғон боздошт намудаанд.

Аҳмад Ишчи гуфтааст, ки вайро 24 уми ноябри соли ҷорӣ рабудаанд.Таъкид мегардад, ки байни ҷамоаи Дӯстум ва Ишчи бозии бузкашӣ (яке аз бозиҳои маъруфи мардуми Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, мардҳо савори асп вориди мубориза мешаванд ва бузи сарбуридаро ба марра мерасонанд) доир мешавад ва Ишчиро пас аз он рабудаанд.

Дӯстум маро ба замин афтонд ва пойи худро ба гарданам гузошту пахш намуд. Баъд ба хонааш гирифта омад ва ба ҳимоягаронаш фармуд, ки маро аз мошин берун кашида, либосҳоямро бадар созанд. Ҳатто шими маро аз танам кашиданд

гуфтааст Аҳмад Ишчӣ ба бахши афғонии радиои Би Би Си. Вай изофа намудааст, ки баъдтар ӯро ба идораи хадамоти амниятии афғон кӯчондаанд ва пас аз муддате озод сохтаанд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ваъда кардааст, ки ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад ва ба идороти махсуси ҳукумат вазифа додааст, ки ин моҷроро ба таври бояду шояд тафтиш кунанд. Ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо ва ИМА аз мақомоти Афғонистон дархост намудаанд, ки тайи ду ҳафта ғоиб гардида, баъд пайдо гардидани собиқ ҳокими устони Ҷавузҷон Аҳмад Ишчи ва қазияи таҳқир шудани ӯ аз ҷониби Генерал Дӯстумро тафтиш намоянд.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика