Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоҶамшед Ёров танҳо нест

Ҷамшед Ёров танҳо нест

Гарчанде Тоҷикистон  давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ эълон шуда бошад ҳам,  имрӯзҳо дар як буҳрони сиёсӣ ва дур аз демократия қарор дорад.   

Рӯзи 20.08.2016 Савриннисо Ҷӯраева — ҳамсари Маҳмадалии Ҳаит, баъди иҷозаи расмии Додгоҳи олӣ бо шавҳараш дидор кард.

Аз рӯзи 21.08.2016 Савринисо Ҷураева ҳамсари  Маҳмадалии Ҳаит ва писари 17- солаи  Маҳмадалии Ҳаит бедарак шуданду ҳама мақомотҳои қудратӣ изҳори бехабарӣ карданд. Боз бо ҳамин таври одамрабоӣ Ҷамшед Ёров, вакили мудофеъ ва бародари Бузургмеҳр Ёров ғайб зада буд.

Рӯзи 23.08.2016 хабари доғи Ҷамшед Ёровро мешунавам, ки уро бо модаи 311 КҶ ҶТ туҳмат карданд ва  айни ҳол Ӯ дар боздоштгоҳи шаҳри Душанбе қарор дорад.

Чаро Омбудсмени Ҷумҳурии Тоҷикистон хомӯширо  ихтиёр карда аст?

Дар дигар давлатҳои демократии дунявии ҳуқуқбунёд омбудсмен  садо баланд мекунад ва барои халалдор нашудани озодӣ ва поймол нагаштани ҳукуқи  шаҳрвандон мубориза мебарад. Омбудсмени Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд, ки  ҳуқуқу озодии шаҳрвандонро аз ҳукумату давлат талаб кунад.

Вазъияти сиёсии Тоҷикистон чунон хатарнок шудааст, ки ҳатто вакилони дифоъ ва ҳуқуқшиносон озодона ҳарф зада наметавонанд. Наход, як ҳукумат то ин дараҷа бесоҳиб шуда бошад, ки ҳадди ақал вакилону ҳуқуқшиносонро, ки аз ҳуқуқи миллат дифоъ мекунанд, соҳибӣ карда натавонад.

Чаро  ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ руз ба руз беш аз пеш поймол карда мешаванду ҳама бетараф? Чаро маҳз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аз ҷониби касоне поймол мешавад, ки худ кафили амнияти ҳуқуқ ва озодиву осоиштагии мардум ҳастанд ва масъулияташон низ таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аст. Магар нақзи қонун аз ҷониби қудратмандон ҷавобгарӣ надорад ё қонун фақат барои бечорагон аст?

Охир Ҳукумати Тоҷикистон  танҳо барои қудратмандон нест, балки дар баробари қудратмандон дигар шаҳрвандон низ ҳаққи  озодона ҳарфи худро гуфтан ва озодона зисту зиндагиро  доранд.  

Оё дар Тоҷикистон ба ҷузъ як айбдоркунӣ ба террористу экстремист дигар намуди ҷиноят вуҷуд дорад?  Нисфи миллат сарсону муҳоҷир аз бекорӣ дар кишвар, садҳо нухбагони миллат, шоиру нависанда, иқтисоддону сиёсатмадорҳо сар ба гурез, садҳои дигар, ки малакаи донишу таҷрибаашон гарави пешрафти кишвар буд, зери панҷараи зиндон шудаанд. Ин миллат соҳиб дорад ё не?

Чаро ҳазорҳо тоҷики бечора аз кишварҳои ғарб имруз паноҳгоҳи сиёсӣ металабад. Ин миллат агар иштибоҳе кард, боз ҳам ҷурми шумо қудратмандон аст, натавонистед ин миллатро идора кунед. Вақте аз уҳдаи идораи ин миллат намебароед, экстремисту террористаш эълон мекунед. Магар туф кунед ба рӯи худатон барнамегардад? Ин чи бедодӣ?

Нигоҳи шахсии ман ин аст, ки ин миллати сулҳпарвару адолатпеша, сабуру дурандеш руҳияи террористию экстремистӣ  аслан надорад. Бо ин ном миллатро бадном кардан магар хиёнат нест?

Ин зулмҳое, ки имрӯз ба сари ин миллат омада истодааст, агар ин миллат дурандешу сабур намебуд мисли миллатҳои дигар, ки имрӯзҳо шоҳидаш ҳастем, садҳо бор ба майдон рехта тахту тоҷатонро аз беху бум меканданду ба замин яксонатон мекарданд. Магар намеандешед?

Халқи тоҷик   таърихи бузурге дорад, аммо ин таърихро  чанд гумроҳи зимомбадаст   ба  шикаст мувоҷеҳ кардаанд.   Тоҷик тоҷи сар буд! Ҳоло бошад аз калимаи тоҷик оламиён як қабилаи ғуломтабъу сархам, муҳоҷири кучарубу, зани баччапарто, ҷавони ваҳшатафканро мешиносанд. Ин Шумо қудратмандони кишвар ҳастед ва меваи фаолияту корнамоии Шумо ҳаст, ки миллат бо ин номҳо ба оламиён шинохта шудааст.

Хитоби ман ба ҳамаи он қудратмандони имрӯзаи ҳукумати худкомаву худпарасти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки каме ҳам бошад фикр аз он кунед, ки аз ин ҳам бадтар худро шармсори оламиён нагардонед.

Ман ҳамон зане ҳастам, ки Шумо зимом ба дастони ноҷавонмард бо туҳматҳои сохтаву бофтаатон аз кишвари Белорус истирдодамро талаб карда будед. Гуё мани муштипару заиф ҳам террористу экстремист бошам. Шарматон бод ноҷавонмардон!!!

Огоҳ бошед! Тамоми ҳукмҳои бардуруғи шумоёнро ба мардуми тамоми олам пешниҳод мекунам. Ҳамаи шиканҷаҳое, ки ман аз пулиси давлати Белорус бо фармони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидаам ҳамаи инро ошкор мегӯям.

Ман  умед аз он дорам, ки бегуноҳии Ҷамшед Ёров ҳатман собит мешавад. Ҷамшед Ёров ягона ҷурмаш пуштибони мардум будан аст. Дигар ҳеҷ гуноҳе надорад. Ин Шумо ҳукуматиҳои беномус ҳастед, ки каме одами босаводро бинед болояш нақшаи стратегӣ мекашед, то фардо соҳиби курсии Шумо нашавад.  Ҳатман уро пушти панҷара мекунед. Ин алакай аз ҳафтумин адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бе ягон асос пушти панҷара мешавад.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар китобҳо чоп мешаванду аммо дар асл дар Тоҷикистон иҷрои қонун қариб, ки  дида намешавад. Ҳуқуқҳои конститутсионии мардум ҳамеша поймол аст.

Мо давлати ҳуқуқбунёд мебошем, давлати мо ва мардуми шарифи Тоҷикистон бояд, ки озодона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои худ бохабар бошанд ва аз ҳимояи вакилони мудофеъ тавонанд истифода кунанд. На ин ки бо як ҷурми беасосу бемантиқ туда туда ҳарруза пушти панҷараи зиндон шудан гиранд. Мо шаҳрвандони озод мебошем. Мо бояд, ки имрӯз  ва ҳам фардо дар ҳар куҷо аз ҳуқуқҳои худ ва  озодии андешаамон суҳбат кунему аз ҳаққи худ дифоъ кунем.

Ҳукуматдорон бояд бидонед! агар як зумра хоинон бо ҳар роҳе зимоми миллат ба дасти шумо афтодаасту мехоҳед ин миллат сархаму нобуд шавад, ба мақсади худ нахоҳед расид.  Ҷамшед Ёров танҳо нест. Аз ин ба баъд ба ҳар Ҷамшедҳое ру ба ру хоҳед шуд, ки аз ба дунё омаданатон пушаймонатон хоҳад кард.

Шабнам Худойдодова

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика