Ин ҳодиса рӯзи 15 уми декабри соли равон дар шаҳри Магнитогорски Руссия содир гашта, як соҳибкои тоҷик бо номи Маҳмудов Асадулло Авғонович, ки гуфта мешавад собиқ раиси ҷамъияти тоҷикони ин шаҳр будааст, ҳадафи тири ашхоси номаълум қарор гирифтааст.
Кумитаи тафтишотии Руссия дар робита ба ин куштор тафтишро оғоз намудааст. Назар ба маълумоти ин ниҳод Асадулло Маҳмудовро қотилон дар назди хонааш ба қатл расондаанд. Як намояндаи Кумитаи тафтишотӣ Владимир Шишков ба хабарнигорон гуфтааст, ки Маҳмудовро афроди номаълум дар кӯчаи Тевосяни шаҳри Магнитогорск мунтазир гаштаанд ва вақте ки ӯ бо мошини худ вориди майдончаи хонаи истиқоматиаш мегардад, ба дили ӯ тир мезананд. Вай ҳамон асно ба ҳалокат расидааст. Шишков изофа намудааст, ки “Айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, таҳқиқи ҷузъиёти ҳодиса идома дорад”.
Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои русӣ навиштаанд, ки аз ин пеш дар шаҳри Магнитогорск 3 соҳибкори маъруф кушта шуда буданд, аммо мақомоти интизомӣ ҷинояткоронро то ҳол пайдо ва муҷозот накардаанд. Асадулло Маҳмудов, соҳибкори тоҷик чаҳорунин шахс аз байни бизнесменҳо мебошад, ки ба қатл расонда шудааст.
Расонаҳои русӣ ин кушторро фармоишӣ унвон кардаанд ва дар ду соли охир ҳадафи тир карор ёфтани чаҳор нафар соҳибкор ва то ҳол ошкор нагагдидани қотилонро далели навиштаҳои худ медонанд. Онҳо бо таассуф навиштаанд, ки соҳибкорони маъруфи шаҳр барои пулу мол ва мавқеашон ҳадафи гурӯҳи ҷиноатӣ шуда, умрашон бо чунин фоҷеа ба анҷом мерасад.