Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоАбдусалом Одиназода: Чӣ тавр ватан маро аз худ дур андохт

Абдусалом Одиназода: Чӣ тавр ватан маро аз худ дур андохт

Абдусалом Одиназода. Олим, профессори биохимия. Нафаре, ки солҳо дар донишгоҳ ва пажӯҳишгоҳҳои хориҷ кору фаъолият кардааст. Бо вуҷуди дастовардҳои бузургаш дар илм, ҳамватанон аз ӯ кам иттило доштанд. Бозгашт, сипас ихроҷи пурсарусадояш аз ватан ӯро дар кишвар маъруф кард. Худи ӯ ҳам баъди ошно шудан бо вазъи Тоҷикистон ба як фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ табдил шуд, то ҷое, ки ба блогнависӣ ҳам шурӯъ кард. Паём.нет тасмим гирифт як мусоҳибаи фарогире бо ӯ анҷом диҳад. Вале қабл аз мусоҳиба хостем муаррифиаш кунем. Ба андешаи мо беҳтарин муаррифӣ навиштаҳои худашанд, ки дар блогаш нашр шудаанд. Навиштаи аввали ӯро таҳти унвони «Чаро ба ватан баргаштам» мо қаблан нашр карда будем. Инак навиштаи дуввуми ӯ:

ЧӢ ТАВР ВАТАН МАРО АЗ ХУД ДУР АНДОХТ

Аҷаб моҷарое. Бо рафиқи арабиам тамос гирифта будам ва гуфта будам: “Бовариатон намеояд, маро аз ватанам депорт карда истодаанд”. Посухи шайх мисли ҳамеша ғайримунтазира буд: “Хуб, табрик мекунам оқои дуктур Абдул Салом, барои ту марҳилаи нави худо-шиносӣ фаро расида истода аст, дигар” — аз номааш бӯи ханда ва қаноатмандӣ омада буд. Фикр карда будам: “Ба номи Аллоҳ, шайх чӣ мега?”. “Мутаҳаййир нестам, ки xудо ин иттифоқотро дар арафаи моҳи шарифи рамазон дуруст кардааст” – гуфта буд. “Ту бояд саркаширо бас бикунӣ ва дунболи хостаҳои худо бошӣ”. Медидам, умеде нест, ки ӯ маро бифаҳмаду дилбардорӣ бикунад. Аҷаб вокунише.

Вокуниши тоҷикҳои худамон бошад, ба ҳаводиси аҷиб-ғариби бо ман иттифоқуфтода хеле дигар буд. Мардум ба дарди ман як ҳассосияти вежаеро нишон медоданд ва саргузашти ман онҳоро рӯҳафтода мекард. Ин ҳама, ба назари ман як миқдор ғайриоддӣ менамуд. Фикр мекардам, мардум набояд буд ин гуна зиёд ғусса мехӯрданд, дигар. Хайр чӣ шудааст, як тоҷики аҳмақе тӯлонӣ дар кишварҳои бегона гаштааст ва баъд, вақте, ки синну солаш ба ҷое расидааст, дилаш ҳавои ватан кашидаасту баргаштааст. Аммо натавонистааст дар ватанаш бимонад. Айби худаш аст охир, чаро шиносномаи тоҷикиро сари вақт гирифта намондӣ, он вақтҳое, ки метавонистӣ онро ба ду пул бихарӣ, э аҳмақ? Чаро бо шиносномаи як давлати ғарбӣ баргаштӣ? Аммо мардум бошанд, ба моҷаро дигар хел нигоҳ мекарданд. Эҳсос мекардам, чизе дар ин моҷаро онҳоро нигарон мекард, чизе, ки ба худи онҳо дахл дошт, на ба ман. Аз дидгоҳи таҷрубаҳои ҳаётияшон, саргузашти ман матлаби муҳимеро дар зеҳни эшон бо ранге манфӣ тақвият медод. Ва зеҳни ҳассоси ман он афкори ногуфтаро ташхис мекарду дилгир мешудам.

Зиёд ғусса ҳам намехӯрдам, ки қисса ин гуна ғайриъоддӣ анҷомид, яъне маро нахуст аз донишгоҳ ронданд ва баъд аз ватан ронданд ва, гузашта аз ин, ба “шахси мамнӯъ” дар Тоҷикистон табдил доданд. Албатта ба Тоҷикистон бо ҳазор омодагии зеҳниву равонӣ омада будам ва мушкилиҳои зиёдеро пешбинӣ карда будам. Тасмими ман қатъӣ буд, ки ҳар чӣ пеш омад, таҳаммул хоҳам кард ва дар ватан хоҳам монд. Кор бошад соддатар анҷомид — моро аз ватан алайҳи хоҳиши худам, зӯракӣ, пеш карданд. Ҳамин тавр бо як соддагӣ — депортатсия. Фикр мекунам, оё мешавад гуфт: “Тоҷикистон маро берун андохт”? “Устод Одиназода, ин як-ду нафар бар сари худ “Тоҷикистон” нестанд. Инҳо “Донишгоҳи тиббӣ” ҳам нестанд” – гуфта буд устоде аз донишгоҳ. Гиря гулӯгирам карда буд. Оре, мо тоҷикҳо чӣ қадар одамони хубу наҷиб дорем, чӣ қадар устодони ҳалол ва боистеъдод дар донишгоҳҳоямон содиқона ба миллати худ хидмат мекунанд. На фақат донишгоҳҳо, мактабҳои миёнаи мо ҳам пур аз омӯзгорони хубу шоиста аст. Сарвати асосии миллати мо ҳамин омӯзгорон ҳастанд. Дасташон дард накунад. Илоҳо худо тавфиқашон бибахшад, ва илоҳо худо миллати моро низ ақлу инсофи кофӣ ато бикунад, то сарвати асосии худро бишносем ва қадрдонӣ бикунем.

“Ба ту барин омӯзгорон ҳасад мебарам” – гуфта будам ба рафиқи хуби баччагиям Абдухолиқ Азаматов, ки солҳост дар яке аз мактабҳои музофотии мо баччаҳакони тоҷикро тадрис мекунад. “Мо барин одамҳо ватанро ба ҳоли худаш ҳавола кардем ва рафтем дунболи нафси худ — шӯҳрат, сарват ва саргармӣ”. “Омӯзгороне мисли ту буданд, ки миллати моро на танҳо ҳифз кардаанд, балки онро ба таври хубе бозсозӣ ҳам кардаанд”. “Мо бошем хидмати бегонаҳоро карда гаштаем”.

Воқеъан ҳам ҳамин эҳсоси гуноҳ маро ба ватан оварда буд. Аввалин бархӯрди ман бо донишҷӯёни тоҷик фаромӯшнашуданӣ буд. Гурӯҳи 9-и тиббӣ дар Кафедраи биохимия. Аввалин дарс бо забони модарии худ, лаҳни ширини форсии тоҷикӣ. Баъд аз сӣ сол. Вақте, ки пас аз дарс нисфи гурӯҳ омада буд, то аз ман муташаккирӣ бикунад, ки “Устодҷон, раҳмати калон, ки омадед”, фаҳмида будам, ки тасмими бозгашти ман ба ватан дуруст будааст. Дар донишгоҳҳои ғарбӣ ҳам, албатта, дарси маро донишҷӯён дӯст медоштанд ва баъзе вақтҳо ҳамин гуна изҳори миннатдорӣ ҳам мекарданд. Тӯҳфаҳои зиёдеро аз донишҷӯёни қаблии худ дорам — истакон, худкор (ручка) ва дигар чизҳои майда-чуйда, бо навиштори “To the best teacher”, яъне “Барои муаллими беҳтарин”. Аммо ин гуна вокуниши фавқулъоддаро аввалин бор таҷруба карда будам ва бисёр мутаассир шуда будам. Ин ҷо мехоҳам миннатдории бепоёни худро ба мудири Кафедраи биохимияи Донишгоҳӣ тиббӣ изҳор бикунам. Агар ин зани наҷиб ва ин шахсияти бузург намебуд, маро аз донишгоҳ баъд аз панҷ моҳ не, баъд аз панҷ рӯз пеш мекарданд. Ин шахсияти бузург буд, ки бе ягон тарс ба ман кӯмак мекард. Ӯ маро, яъне як муаллими бегона ва аз хориҷа омадаро, ба кафедра бе ягон ибо бипазируфт ва ба муаллимони кафедра бо як меҳр ва гармӣ муъаррифӣ кард. Раҳмати калон, муаллимаҷон, илоҳо худо ба шумо умри дароз бидиҳад.

Ин дар ҳоле буд, ки дар ҷои кории асосии ман, Омӯзишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, ки як бахши пажӯҳишии донишгоҳ аст, вокуниши мардум, ба вежа раиси ҳамин марказ ва як нӯкари ҷавонаш, куллан дигар буд. Нахуст, фикр мекардам, вокуниши шадидан манфии ин одамҳо — ин ҳамон рақобати маъмулии касбист, рақобате, ки дар ҳама ҷои дунё ҳаст ва ман ин гуна рақобатҳоро хеле зиёд таҷруба кардаам. Аммо дертар, хеле дертар, фаҳмида будам, ки кор дар дигар ҷо будааст ва моҷаро шадидан ҷиддитар аз рақобати маъмулии касбӣ будааст. Баъд аз он фаҳмидам, ки ин ду нафар тавонистанд бо истифода аз “связ”-ҳои худ, ки ба болоҳо рафта мерасидааст, маро аз ватан депорт бикунанд ва ба “одами мамнӯъ” дар Тоҷикистон табдил бидиҳанд. Алон ин ҷо дар шаҳри бегона менишинам ва фикр мекунам, ки ин одамҳо шояд худашонро “қаҳрамон” ҳисобида истода бошанд, ки чӣ хел як олими австролиёиро бо ин осонӣ аз Тоҷикистон берун андохтаанд.

Кафедраи биохимия бошад ҷое буд, ҳамчун як олами куллан дигар. Дар чорчубаи як донишгоҳ ду олами ин қадар аз ҳамдигар мутафовит. Кафедра маро ҳам бо муаллимонаш ва ҳам бо донишҷӯёнаш моту маҳбут сохта буд. Қабл аз ҳама сатҳи тадрис, бовар намекунед, аз донишгоҳи охирини ман – Донишгоҳи Австролиёи Ғарбӣ кам набуд. Як эҳсоси ифтихор ва таҳсин вуҷуди маро фаро гирифта буд, ки Донишгоҳи тиббии мо аз лиҳози тадриси фанни биохимия аз кишварҳои ғарбӣ кам нест. Бовар кунед, мани ин қадар ботаҷруба, маҷбур будам, зиёд бихонам ва ба дарсҳои худ омодагӣ бигирам, то тавонам дарсҳои ман ҳам дар ҳамин сатҳи хуби кафедра бигзарад ва ман аз дигар устодон қафо намонам. Ин ҳам баъд аз бист соли кори илмӣ ва тадрисӣ дар ҳамин риштаи биохимия дар донишгоҳҳои Русия, Амрико, Аврупо ва Австролиё (бале, ханда накунед, сафари касбии мо дар ин дунё зиёд ва тӯлонӣ шуд). Кулли муаллимони кафедраро хеле дӯст дошта будам ва онҳо тӯли ин муддати кӯтоҳ барои ман ҳамчун аъзои оила шуда буданд. Аммо мутаасифона, маҷбур шуда будам, бо ин одамони хубу наҷиб бо дили реш худоҳофизӣ бикунам. Сарнавишти маро ҳамон ду нафари дар боло зикршуда ҳал карда буданд. “Малимҷон мо сари шумоя ахир мехӯрдием-дия” – гуфта буд ҳамин нӯкари ҷавони раиси Озмоишгоҳи марказӣ.

Албатта аз рӯзи аввали ҳузурам дар донишгоҳ, як эҳсоси аҷиб-ғариб ва номуносибе дар дилам пайдо шуда буд. Фикр мекардам, шояд мани аз ватан бегонашуда, воқеъиятҳои гирду атрофро каҷ фаҳмида истода бошам. Аз худам шарм мекардам, ки ин гуна гумонҳои шубҳаноке дар зеҳнам пайдо шуда истода буд ва сайъ мекардам онҳоро дур бияндозам. Пешбинӣ кардани ин ҳама моҷароҳои боварнакарданӣ, ки дертар ба вуқуъ пайвастт, баром ғайриимкон буд, албатта.

Донишгоҳ маро хеле хуб, дар сатҳи хеле боло истиқбол карда буд. Як рафиқи бисёр хубам маро ба риёсати донишгоҳ муъаррифӣ карда буд. Хеле умедворам, ки баъд аз ҳамаи ин моҷароҳои иттифоқуфтода, ӯ ҳанӯз пушаймон нест, ки ин кӯмаки беғаразонаро баром дареғ надоштааст. Мулоқоти аввалинам бо ректори вақти донишгоҳ хеле олӣ гузашта буд. Тасмими ин марди фарҳангӣ ва ватандӯст роҷиби ман бедаранг буд. Дар ҳамон мулоқоти нахустин, маро ба сифати муаллими биохимия ва ҳамчун корманди пажӯҳишӣ, ба кор пазируфта буданд. Ин дар ҳоле буд, ки ҳама маро аввалин бор дар ҳаёташон медиданд. “Мо аз шумо барин тоҷикҳо ифтихор мекунем” – гуфта буд ректор. Дар ин ҷо мехоҳам миннатдории бепоёни худро ба ин марди шариф изҳор бикунам ва ҳамзамон арзи маъзарат ва пӯзишро низ дар рӯбарӯи ӯ иброз бидорам, ки, чӣ хеле, ки касе гуфта буд, ман ҳамин гуна барои донишгоҳ “проблема” шудаам. Ба номи Аллоҳ, ман худам ҳам пешбинӣ накарда будам, ки анҷоми кор ин хел хоҳад шуд.

Дертар, баъд аз он, ки ҳамаи ин моҷароҳои ғайриъоддӣ аз сари ман гузашт, ҳамин мулоқоти нахустинро борҳо дар зеҳни худ чарх занонида будам. Ва фақат ҳоло мефаҳмам, ки аломатҳои нигаронкунандае алакай дар ҳамон марҳила ҳузур дошта будааст, аммо мани содда ба онҳо аҳамият надода будаам. Масалан, гарчанде, ки вокуниши ректори донишгоҳ ба ман ин гуна мусбат ва таҳсиномез буд, ҳамзамон, ду нафари дигаре ҳузур доштанд, ки вокунишашон нисбати ман куллан ғайриъоддӣ ва ҳайратовар буд. Марде, ки дар паҳлӯи чапи ректор менишаст, ба ман имтиҳономезона ва бо як нигоҳи тира менигарист. Ин нигоҳ нигоҳи дарандае буд ба шикори худ. “Паспорти тоҷикӣ доред?” – пурсида буд ин мард бо як эҳсоси таасуфомез. Дертар фаҳмида будам, ки ӯ мудири шӯъбаи таҳлил ва назорат будааст. Нигоҳи зане ки дар тарафи рости ректор нишаста буд, аз чӣ сабаб бошад, пур аз тарс ва нигаронӣ буд. Ин зан мудири манобеъи инсонӣ будааст. Фикр карда будам, ки ин чӣ бошад, чаро вокуниши ин ҳарду ин қадар дилсардкунандаст. Ман, ки худам бо як дили соф ва содда ба ватан омада будам, аз ин вокунишҳо зиёд нигарон ҳам нашуда будам. Фикр карда будам, вақте, ки ин ашхос маро беҳтар мешиносанд, ин эҳсосоти нигаронӣ, ва ҳатто хатар, аз дилашон зудуда хоҳад шуд. Аммо танҳо дертар фаҳмида будам, ки инҳо аслан хоҳиши маро шинохтанро аз аввал надошта будаанд. “Мо ҳолӣ шумо Австралия-нда будагитон-анда тайёримоя дида будим, малимҷон” – ханда карда буд ин бачаҳак аз Озмоишгоҳи марказӣ. Дертар ҳушдор зада буд: “Устод, шумоя намемонан, беҳтараш фикротона кунид, ҷотона дига ҷо-нда ёбид. Содда-дия шумо”.

Яъне, танҳо ҳоло мефаҳмам, ки ҳатто қабл аз расидани пои ман ба Тоҷикистон, сарнавишти ман ҳал шуда будааст. Фикр мекунам, ки тасмими ректори донишгоҳ оиди пазироии як олими тоҷике, ки дар кишварҳои ғарбӣ кор карда будааст, гурӯҳе аз ашхосро дар риёсати донишгоҳ ба таври ҷиддӣ нигарон карда будааст ва инҳо тасмим гирифта будаанд, бо ҳар роҳе, ки набошад, нагузоранд, то ин одам дар донишгоҳ кор бикунад. Нақша ҳамин будааст, ки барои ман мушкилиҳои мухталифро эҷод бикунанд, то ҳаёт барои ман мушкил бишавад ва ман бо хоҳиши худ, бидуни эҷоди дарди сарҳо, Тоҷикистонро тарк бикунам. Ё нақшаҳояшон ба назарашон хеле пухта ва амалӣ намоидааст ва ё фарз кардаанд, ки ман як одами аҳмақ ва сабукпой будаам – ҳарчӣ набошад, мӯҳлати ҳузури ман дар Тоҷикистонро ҳамагӣ “ду ҳафта” муқаррар карда будаанд. Ҳамагӣ ду ҳафта, шармандагӣ. Танҳо ҳоло мефаҳмам, ки чаро тӯли ду ҳафтаи аввали кориам дар донишгоҳ ба ман ҳатто ҷои корӣ намедоданд. Раҳбари ман дар Озмоишгоҳи марказӣ бо аксенти узбакияш мегуфт “Аввал равед, дакументотона тӯғрӣ кунед, баъд мебинем”. Дар охир маҷбур шуда будам, бигӯям, ки “О ягон устал-пустал ҳастай, ки ақалан бишинем, даҳ рӯз меша гирди ин бинора давр мезанем, хаста шудем, дига”.

Нақшаи “дуҳафтаина”, мутаасифона барои инҳо, кор накард ва ман бо сабру таҳаммули худ инҳоро гаранг карда будам. Медиданд, ки наметавонанд маро нагзӣ ба нағзӣ аз Тоҷикистон гум кунанд ва барошон рӯшан шуда буд, ки ин лоиҳаи муҳим бо номи “Баргардонидани олими австролиёӣ ба ватанаш Австролиё” як миқдор лағжида буд. Эҷодкунандаи асосии ин лоиҳа роҳбари мустақими ман буд, раиси ҳамон Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ. “Метарсам, ки мабодо ӯ сактаи дил нашавад” – дардидил карда будааст ҳамсари ин шахс ба одамон. Ин зан аз ҳама корҳо хуб хабардор буд, чун вазифаи мудири манобеъи инсонии донишгоҳро дар ӯҳда дошт. Барои чӣ ин лоиҳа ва ин ҳама харҷ ба ин раис лозим будааст, дар поён оварда шудааст.

Барои пиёда кардани лоиҳаи мазкур дар донишгоҳ одамони мухталиф кироя шуда будаанд ва ду хонуми бахши байналмилалии донишгоҳ аз муҳимтарини онҳо будаанд. Надоштани шиносномаи тоҷикӣ аз тарафи ман кори ин одамҳоро осон ва умедбахш карда будааст. Барои ҳамин, аввалин чизе, ки аъзои ин гурӯҳ мехостанд аз ман бипурсанд, ҳамин будааст, ки оё ман шиносномаи тоҷикӣ дорам ё не. Ҳеҷ кас донистан намехост, ки ман зодаи Тоҷикистон ҳастам, қавми ман тоҷик аст, мактаби миёнаро то синфи 9-ҳум дар деҳаи Сӯри ноҳияи Исфара хондаам ва то синни 16-солагӣ дар ҳамон қишлоқ ба таври доимӣ зиндагӣ кардаам. Ҳеҷ кас фаҳмидан намехост, ки ман дар Тоҷикистон, дар ҳамон деҳаи зодгоҳиам падари 80-сола дорам, ки то ҳол шукри худо зиндаву саломат аст, бародар ва хоҳарон дорам, нисфи қишлоқ хешу ақрабои ман аст.

Хонумҳои бахши байналмилалии донишгоҳ корҳои раводидии донишҷӯён ва муаллимони хориҷиро дар Донишгоҳи тиббӣ танзим мекунанд ва иртиботи муназзам ва наздике бо Консулгарии Тоҷикистан дар назди Вазорати корҳои хориҷиро доранд. Дар лоиҳаи дар боло қайдшуда, вазифаи ин хонумҳо хароб кардани ҳуҷҷатҳои олими австролиёӣ муқаррар шуда будааст. Дар ёд дорам, вақте, ки аввалин бор маро ба мудири ин шуъба муаррифӣ карданд, ин хонум ба ман 30 дақиқа дар бораи он гап мезад, ки гӯё бо паспорти хориҷӣ дар Тоҷикистон кор кардан шадидан мушкил будааст. “Бисёр вақт мешавад, ки мо ҳама чизро дуруст омода мекунем, ва ба консулгарӣ таҳмил медиҳем, аммо онҳо ҳуҷҷатҳоро ба ҳар ҳол рад мекунанд, иҷозаи корӣ намедиҳанд ва ҳатто намегӯянд, ки сабаб дар чист. Хеле мушкил аст, намедонам, мешавад ё намешавад”. Ман албатта ин суханонро ҷиддӣ намегирифтам — чӣ тур будааст ба як олими тоҷик иҷозат намедодаанд, ки дар ватани худ кор бикунад?

Мушкилӣ бо ҳуҷҷатҳоям аз рӯзи аввал шурӯъ шуда буд. Ба зуддӣ пай бурда будам, ки хонумҳои бахши байналмилалӣ чӣ кор карда истодаанд. Як хонуми ҳамин шӯъба ба ман тилфон карда гуфта буд: “Плохие новости, не получается сделать вам документы, вам придётся уехать в свою Австралию”. Гуфта будам: “Шутите, как это так? Я же таджик, это моя родина, как это “уехатъ в свою Австралию?”. “Уехали бы, всё-таки, все говорят все равно через две недели уедете” – гӯё дӯстона ба ман маслиҳат дода буд ин хонум. Нахуст, вақте, ки намефаҳмидам, моҷаро чист ва дастурҳо аз куҷо меояд, ҳамин хонуми бечораро айбдор мекардам, ки наметавонад ҳуҷҷатҳои оддитаринро дуруст омода бикунад. Дар як пурсишномаи раводидӣ ба саволи “Дар Тоҷикистон қаблан будед?”, аз номи ман навиштааст, ки “Не”. Ба саволи “Дар Тоҷикистон хешу ақрабо доред?”, боз ҳам навиштааст, ки “Не”. Баъдҳо фаҳмида будам, ки ӯро маҷбур мекардаанд, ин ҳама корҳоро бикунад: “Апаҷон, посылай этого австралийца обратно туда, откуда он приехал”.

Тӯли ҳамин панҷ моҳи кориам дар донишгоҳ, ду бор маҷбур шуда будам аз Тоҷикистон ихроҷ бишаваму баргардам, то раводидҳои хато рафтаро ислоҳ бикунам. Чун касе дар донишгоҳ ба ман ҳеҷ чизро намефаҳмонд ва ба ҷои кӯмак кардан, баръакс, саъй мекарданд, корҳои ман хароб бишавад, маҷбур будам, худам аз дунболи ҳуҷҷатҳоям давутоз бикунам. Аммо ман, ки аз кишвари худ як миқдор бегона шуда будаму онро хуб намедонистам, ман, ки бо менталитети як миқдор ғарбӣ ба Тоҷикистон омада будам ва, гузашта аз ин, шеваи гапзании ман ҳам як миқдор омехта бо шеваҳои афғонӣ ва эронӣ шуда буд, чун солҳои тӯлони маъраканишини афғониҳо ва эрониҳо будаам — худатон ёбеду гиред, аз сари ман чӣ моҷароҳое дар кӯчаву ниҳодҳои давлатӣ мегузашт. Ин ҷо намедонистӣ, ки регистратсияат дафъаи навбатӣ лағв шуда будааст, ва ту бояд, намедонам, дафъаи чандум 1600 сомонӣ ҷарима бидиҳӣ. Он ҷо намедонӣ, ба ин бачаи ҷавон чӣ гуна худатро маънидод бикунӣ, чун ӯ мӯътақид аст, ки ту ҳеҷ ягон муаллим-пуаллим нестӣ. Ту беш аз як авбоши афғонӣ нестӣ, ки мехоҳад ӯро гӯл бизанад. Ҳуҷҷатҳо-ку дурӯғ намегӯянд – мана, Донишгоҳи тиббӣ навиштааст, ки Абдусалом Одиназода ҳеҷ гоҳ қаблан дар Тоҷикистон набудааст ва дар ин ҷо хешу ақрабое ҳам надоштааст.

Хуллас, тамоми он пасандозе, ки бо он ба Тоҷикистон омада будам, барои ҳамаи ин билетҳои ҳавопаймо барои якчанд бор убур кардани сарҳади Тоҷикистон, барои ҷаримаҳо, раводидҳо, регистратсияҳо ва ғайраву ва ҳоказо сарф шуда буд ва ман ниҳоятан пурра банкрот шуда будам. Аммо, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, раводиди лозимиро ба даст оварда будам. Соддадилона худамро “ғолиб” ҳисоб мекарадам, аз худам ифтихор мекардам ва мӯътақид будам мушкилиҳом ниҳоятан баъд аз чор моҳи азобу машаққат пуши сар шудааст. Ин ҳама азоб маро он қадар лоғар карда буд, ки вақте, ки ба қишлоқ рафта будам, хоҳаронам Сабза ва Санавбар бо дидани ман ба гиря даромада буданд. Хандаам омада буд, ки хайр ин ҳама 15 килои изофа чӣ лозим буд барои ман, солимтар ва ҷавонтар шудаам дигар. Воқеъан, вақте, ки акси худро дар Facebook гузошта будам, рафиқи донишгоҳиам Максим Востоков савол дода буд, ки оё он акс аз солҳои 90-ум бошад, не? Шӯхи карда будам, акси ҳозираст, аммо тариқати вежае аз тасаввуф маро лоғар кардааст, ки талаботи он “сухани кам, хоби кам ва ғизои кам” аст. Гуфтагӣ барин, ман ин ҳама дарди дилро, ки ин ҷо кошта истодаам, ба одамони бегона намегӯям, чун мӯътақидам, моҷароҳои байни мо тоҷикҳо бояд дар байни худи мо бимонад ва ҳаллу фасл бишавад. Мо бояд “миллат” буданро ёд бигирем.

Бармегардем ба моҷаро. Мутаасифона, хурсандии ман аз “ғолибиятам” зиёд тӯл накашид. Аз Маркази муҳоҷират ба ман тилфон карданд ва гуфтанд, ки онҳо наметавонанд ба ман “корти меҳнатӣ” бидиҳанд чун ман “литсензия” надорам. Ин “литсензия”-аш боз чӣ бошад, ба таҳлука уфтода будам ман. Ин ҷо бояд қайд кард, ки бидуни корти меҳнатӣ раводиди меҳнатиро намешавад, тамдид кард. Вақте, ки баъд аз шаби бехобӣ ва нигаронӣ ба маркази муҳоҷират рафтам, фаҳмидам, ки манзур аз “литсензия” ин “иҷозатномаи ҷалби хориҷиҳо” будааст ва ин иҷозатнома ба корфармо дахл дошта будааст, на корманд. Фаҳмида будам, алон мушкилие пайдо шудааст, ки яқин маро аз ватан берун хоҳад кард. Донишгоҳи тиббӣ гӯё иҷозатномаи ҷалби хориҷиҳоро надошта будааст. Аҷаб. Ҳамин қадар фирмачаҳои зиёд дар Тоҷикистон иҷозатномаи ҷалби хориҷиҳоро доранд ва даҳҳо ҳазор хориҷиён дар ин ширкатҳо кор мекунанд, аммо як донишгоҳи бузурги Тоҷикистон ин гуна иҷозатномаро надошта будааст.

Сарнавишти ман баргашта пурра ба дасти хонумҳои бахши байналмилалӣ афтида буд, ба “қотилон”-и ҳузури ман дар Тоҷикистон. Дархости Маркази муҳоҷиратро оиди лозимияти ба даст овардани иҷозатномаи ҷалби хориҷиҳо барои Донишгоҳи тиббиро оварда ба дасти ин хонумҳо дода будам, албатта бе ягон умед, ки инҳо ин мушкилиро ҳал хоҳанд кард. Вақте, ки ниҳоятан ба ман хабар доданд, ки “нашуд” – мутаҳаййир ҳам нашуда будам ва ба ғазаб ҳам наомада будам. Мантиқи ман дигар қобилияти фарогирии ин ҳама моҷароҳои сюрреалистиро аз даст дода буд ва дигар бо ҳеҷ ваҷҳ кор намекард. Ҳеҷ чиз маро дигар ва ҳайрат намеовард. Тӯли беш аз ду моҳи “саъю кӯшиш”-и ин хонумҳо, Вазорати меҳнат ин гуна иҷозатномаро ба Донишгоҳи тиббӣ “надод”. Хулласи калом, ҳамин тариқ, раводиди мо кӯҳна шуд ва мо нелегал шудем. Лоиҳаи “фиристодани олими австролиёӣ ба ватанаш Австролиё” ба марҳилаи охиринаш бомуваффақият расида буд ва донишгоҳ маро бо сабаби “вайрон намудани тартиботи будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз кор холӣ кард.

Идома дорад

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика