Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукуматро дар мавриди ҷудо кардани қарз ба 4 бонки кишвар дар ҳаҷми 3 милларду 850 миллион сомонӣ, ки ҳудуди 490 миллион доллар аст, ҷонибдорӣ кард.
Тибқи ин тарҳ қоғазҳои қиматноки давлатӣ ба муомилот бароварда мешаванд, ки онҳоро Бонки Миллӣ ба ивази пули нақд аз ин чаҳор бонк мехарад. Аммо ин харидорӣ бефоиз набуда, ба ивази он бонкҳо ду фоиз солона пардохт мекунанд. Ҷамшед каримзода, муовини аввали вазири молия ин ду фоизро “барои хизматрасониҳо” гуфтааст.
Ҳамчунин дар ивази пул бонкҳо муваззаф мегарданд, ки дороии худро ба гарав гузоранд. Ин қарз ба бонкҳо ба муддати 5 сол дода мешавад.
Тибқи иттилои вазири молия Абдусалом Қурбониён, ки ин тарҳро дар парлумон муаррифӣ кард, аз ин 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ “Тоҷиксодиротбонк” 2 милларду 250 миллион сомонӣ, “Агроинвестбонк” 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ, “Тоҷпромбонк” 450 миллион сомонӣ ва “Фононбонк” 80 миллион сомонӣ дарёфт хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз манбаи пулҳоеро, ки ба бонкҳо дода мешаванд, ифшо накардаанд.