Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоШойгу тармими НАТО-ро ба усули Олмони фашистӣ ташбеҳ дод

Шойгу тармими НАТО-ро ба усули Олмони фашистӣ ташбеҳ дод

Вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу гуфтааст роҳбарияти НАТО Русияро хатари асосӣ унвон намуда, бар иқтидори ҳарбияш дар сарҳадоти Русия меафзояд.

“НАТО тармимҳои ҳарбияшро ду баробар бештар кардааст, ки аксари онҳо зидди Русия нигаронида шудаанд. Дар қувваҳои мусаллаҳи Бритониё барои шинохти душман дар пойгоҳи ҳарбии Солсбери-Плейн” ба истифодаи тонкҳои истеҳсоли Русия ва либоси ҳарбии артиши русӣ оғоз кардаанд” — гуфтааст Шойгу дар маҷлиси васеъи вазорати дифоъ.

Тибқи иттилои ВВС Шойгу ҳамчунин гуфтааст “бори охир аз ин усул Олмони фашистӣ дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ истифода карда буд”.

Вазири дифоъи Русия изҳор кардааст қувваҳои мусаллаҳи Русия вориди мусобиқаи яроқнокшавӣ нашуда, тибқи нақша барномаи азнавяроқноккунии артиш ва флотро давом медиҳанд.

Оиди оғози як ҷанги сарди нав на танҳо коршиносони рус, балки ғарбиҳо ҳам дар ин авохир зиёд мегӯянд.

Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, Русия ҳам бар қудрати ҳарбияш дар сарҳадоти НАТО меафзояд. Манбаъ мегӯяд Русия дар садад аст дар Округи ғарбии ҳарбӣ се дивизияи нав ва як артиши тонкӣ таъсис диҳад.

Дар оғози соли ҷорӣ маркази таҳлилии америкоии  гузоришеро расонаӣ карда буд, ки тибқи он қувваҳо мавҷудаи НАТО дар сарҳадоти шарқии Иттиҳоди аврупо қудрати ҳимояи онро аз Русия надоранд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика