Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу ба Бано ал-Абид, духтараки ҳафтсолаи блогнавис аз Ҳалаб, планшет тӯҳфа кардааст.
Бано, ки дар қисми муҳосирашудаи Ҳалаб ҳамроҳи модараш мезист, дар блоги шахсиаш аз вазъи сокинони ин минтақа гузориш медод. Ӯ бештар аз 320000 нафар обуначӣ дошт.
Баъди вуруди артиши Асад ба минтақаи муҳосирашудаи Ҳалаб, модари Бано, муаллимаи забони англисӣ аз раҳбарияти Туркия хост онҳо ва дигар мардуми Ҳалабро наҷот диҳанд.
Чанд рӯз қабл онҳо дар сафи як гурӯҳи 1,5 ҳазораи гурезагони суриягӣ вориди туркия шуда буданд. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳам Баноро ба ҳузур пазируфт.