Вазорати нақлиёти Русия сар аз субҳи имрӯз, дар посух ба манъи парвози ширкати “Ямал” ба Тоҷикистон, парвози ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр”-ро ба ҳамаи шаҳрҳои Русия ҷузъ Маскаву Санкт-петербург манъ кард.
“Он қадаре, ки ба мо маълум аст, ҳайати мо то субҳи ҷумъа танаффус гирифтааст, то гуфтугӯ бо мақомоти авиатсионии Русияро барои барқароркунии парвоз байни ду кишвар идома диҳад” — гуфтааст Ганҷалзода ба хабаргузории “Россия сегодня”.
Пас аз иҷоза надодани мақомоти тоҷик ба парвози ширкати ҳавопаймоии “Ямал” аз фурӯдгоҳи “Жуковский”, ҷониби Русия таҳдид кард, ки сар аз нимашабии 22 декабр парвози ширкатҳои тоҷикӣ ба Русяиро лағв хоҳад кард. Танҳо 9 дақиқа қабл аз фарорасии ин вақт, ҷониби Тоҷикистон ба иҷрои танҳо як хатсайри “Ямал” иҷоза дод ва субҳи дирӯз ҳайати Тоҷикистон барои ҳали масъала таҳти роҳбарии сардори Департаменти авиатсияи Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба Маскав рафт.
Ганҷалзода дирӯз изҳор карда буд, ба парвози минбаъдаи “Ямал” танҳо баъди қабули шартҳои гузоштаи ҷониби Тоҷикистон иҷоза дода хоҳад шуд, аммо аз худи шартҳо чизе нагуфт. Аз манъи парвози “Сомонэйр” ба шаҳрҳои Русия коршиносон хулосабарорӣ кардаанд, ки Русия шартҳои Тоҷикистонро пазируфтанӣ нест.
Дар посух ба суоли мо дар бораи ин, ки чаро парвозҳои маҳз “Сомонэйр” манъ карда шудаанд, як мақомдори департаменти авиатсия бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, “Сомонэйр, ки пуштибони қавӣ дорад, ба Вазорати нақлиёт ва Департамент фишор меорад, то ба парвози “Ямал” иҷоза надиҳанд. Ҷониби Русия ҳам инро медонад, бинобар хостааст “Сомонэйр”-ро ҷазо диҳад”.
Ба ин суол, ки оё воқеъият дорад, ки ҷониби Тоҷикистон аз ширкатҳои русӣ талаб мекунад то нархро поён набаранд, ин манбаъ посух дод: “Бале, ин талаб ҳам талаби “Сомонэйр” аст. “Ямал” аз аввал ба ин талаб розӣ набуд, бинобар ин ин мушкилиҳо пайдо шуданд. Вақте аз “Уралские авиалинии” талаб карданд нархҳоро ба нархи хатсайрҳо аз Маскав наздик кунад, розӣ шуд, бинобар ин зуд иҷозаи парвоз гирифт”.
Тафсилоти бештар ва шарҳи коршиносон ба зудӣ нашр мешавад