Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоПарвози “Уралские авиалинии” мамнӯъ шуд, аммо идома дорад

Парвози “Уралские авиалинии” мамнӯъ шуд, аммо идома дорад

Дар посух ба манъи парвози тайёраҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр”  ба шаҳрҳои Русия, мақомоти авиатсионии Тоҷикистон низ парвози ширкати русии “Уралские авиалинии”-ро аз 4 шаҳри Русия ба Тоҷикистон манъ кардаанд.

Тибқи иттилои ин мақомот. сар аз соати 12.00-и имрӯз, 23 декабр ширкати “Уралские авиалинии” наметавонад аз шаҳрҳои Краснодар, Красноярск, Челябинск ва Уфа ба Душанбе парвоз кунад.

Аммо дар ҳамин ҳол, мақомоти ин ширкат гуфтаанд парвозҳоро идома хоҳанд дод, чун ҳанӯз ҳеҷ огоҳие аз манъ ё лағв шудани парвозҳо нагирифтаанд. Тибқи иттилои Лента.ру нҳо инчунин гуфтаанд имрӯз бидуни ҳеҷ мушкилие имрӯз се парвоз ба Тоҷикистон анҷом додаанд: як парвоз ба Хуҷанд аз Санкт-Петербург ва ду парвоз ба Душанбе аз Челябинску Уфа.

Аз вазорати нақлиёти Русия ҳам ба ТАСС гуфтаанд ҳанӯз ҳеҷ иттилое аз ҷониби Тоҷикистон дар бораи манъи парвозҳои «Уралские авиалинии» нагирифтаанд.

«Уралские авиалинии» се парвозро ба Тоҷикистон лағв кардааст: аз Екатеринбург ба Душанбеву Хуҷанд 23 декабр ва аз Самара ба Душанбе 24 декабр. Аммо тибқи гуфтаи мақомоти ин ширкат ин лағвкунӣ ҳеҷ иртиботе ба «ҷанги авиатсионӣ» надорад.

Дар ҳамин ҳол «Сомонэйр» парвоз ба Оренбургро лағв намуда, маблағи чиптаҳоро ба мусофирон баргардонидааст. Сухангӯи ин ширкат эълон кардааст «Сомонэйр» дар садад аст парвозҳо ба Краснодар, Красноярск ва Иркутскро низ лағв кунад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика