Мақомоти полиси Ҳиндустон ҳини як амалиёт дар Чхаттисгарҳ дасти кам 70 нафарро аз одамрабоён озод намуданд. Бино ба маълумоти расонаҳои ҳиндӣ 33 нафари онҳо нобилиғон мебошанд.
Намояндаи Раёсати ҳифзи кӯдакон Виҷай Шанкар Шарма ба расонаҳо гуфтааст, ҳамаи онҳо барои ғуломӣ фурӯхта шуда, дар корҳои вазнини ҷисмонӣ ҷалб мегардиданд. Акнун кӯдакон дар марказҳои барқарорсозӣ ҷой карда шуда, баъдан ба оилаҳояшон баргардонида мешаванд.
Бино ба қавли у кормандони мақомоти полис пас аз гирифтани маълумот ҷинояткоронро ҳангоми таҳвили гурӯҳи одамон тариқи автобус дар яке аз роҳҳо боздошт намуданд. Вобаста ба ин 5 пайрави гурӯҳе, ки ба фурӯши одамон машғул буданд, боздошт гардиданд