Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳо“Наход аз сарафкандагии миллат шарм накунанд?”

“Наход аз сарафкандагии миллат шарм накунанд?”

Неъматулло Акбаров, як корбари фейсбук аз ҳоли талхи муҳоҷирони тоҷику ӯзбек ҳикоя кардааст, ки дарёфти шаҳрвандии Русияро хушбахтӣ меҳисобанд ва онро ҷашн мегиранду маърака меороянд.

Ӯ гуфтааст хортар аз ин миллат касеро надидааст, ки чӣ ҷавону чӣ маъюб ва чӣ мӯйсафедаш дар фикри дарёфти шаҳрвандианд:

«Як сол дар Русия зистам, бо муҳоҷирон кор доштам. (ҳуҷҷатҳошона тарҷимаву таҳия мекардам). Ҳеҷ миллатеро хортару ноумедтар аз тоҷикону узбакҳо надидам. Шоҳид будам, ки шаҳрвандони 60 солаи ин кишварҳо, ҳатто маъюбонашон, барои гирифтани шаҳрвандии Русия талош мекарданд. Ба нархи ҷон шаҳрванди Русия мешуданд…Сад қоғаз таҳия мекардандуба сад эҳтимол РВП мегирифтанд..баъди 3 сол Вид на жительство, баъди 5 сол баъд шаҳрвандӣ…бисёршон барои гирифтани РВП ашки шодӣ мерехтанд…” — навиштааст Неъматулло Акбаров.

Баъдан суол мегузорад, ки магар як инсоне, ки дар ватанаш саъодатманд аст, ба ин ҳол меафтад: “ Шумо тасаввур мекунед ин ҳолатро? Як шаҳрванд саъодатманд бошад, ба ин ҳол меафтад? Вагарна маъюбу бознишастаро чиву дар сардии 40 дараҷагии Сибир соатҳо мунтазир монданаш чӣ?! Ҳуввият, худшиносӣ…ин вожаҳои таҳқиркунанда ҳастанд бари онҳо…чунки дар кишвраи худашон рӯзбар нашуданд…Барои паспорти русӣ гирифтан дар ҳаво мепариданд..маърака медоданд…”

Ӯ дар идома мегӯяд: “Ин чӣ маъно дорад? Худам осон метавонистам шаҳрвандӣ гирам…аммо ҳамаро партофтаму омадам…гӯё эътироз кардам…ба онҳо хостам бигӯям ки «биё ҳамамон беномус нашавем!»

Дар охир ин корабри фейсбук аз раисҷумҳурони ду кишвар даъват кардааст, ки ба доди мардумашон бирасанд: “Ҳоло вақташ аст, ки Президенти Тоҷикистону Президенти Узбакистон аз баҳси сари табақи ош даст бардоранду шаҳрвандонашонро соҳиб шаванд. Ман аз сарафкандагииин ду миллат шарм доштам, наход онҳо шарм накунанд?!”

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика