Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоБардошти ҳуқуқшинос аз паёми президент

Бардошти ҳуқуқшинос аз паёми президент

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 22 декабр паёми солонаашро ба порлумону мардуми кишвар ироа кард. Табиист, ки  баъди ироаи Паёми президент коршиносон, ҳуқуқдонҳо ва фаолони сиёсӣ дар бораи ҳарфҳои гуфташуда дар паёми президент ибрози андеша мекунанд ва ба нуқтаҳои асосии паём ишора намуда гуфтаҳо ва ногуфтаҳои муҳим дар Паёмро баррасӣ ва таҳлил мекунанд.

Пойгоҳи иттилоотии ПАЁМ.net  бардошти ҳуқуқшинос, профессор Шокирҷон Ҳакимовро дар бораи Паёми ироанамудаи имсолаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки  ҳини суҳбат бо хабарнигори мо гуфтааст, дар зер пешкаши хонандагон мекунад:  

Бояд зикр намуд, ки Паём аз ҳисобот тафовут дорад. Аммо ин дафъа низ   шакл  ва мазмуни паёми ироа кардаи президент  аслан ҳисобот буд ва гузориши фаъолияти ҳамаи соҳаҳои мақомоти давлатиро дар бар гирифта буд.

Чун қоида зимни ироаи паём одат шудааст, ки вобаста ба шакли давлат ва идораи он император, шоҳ, президент, раиси шӯрои давлат ё раиси парламент ҳамчун сардори кишвар таваҷҷӯҳи мақомоти ҳокимияти давлатиро ба 3-4 масъалаи мубрами сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ҷалб намуда, вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳоро ҷиҳати ислоҳу такмили қонунгузорӣ ва ба вуҷуд овардани заминаи мусоид муқаррар мекунад. Бидуни шак, ҳангоми зарурат дар назди ниҳодҳои дигари мақомоти ҳокимияти давлатӣ низ ҷиҳати анҷоми корҳои мушаххас ҳадафу вазифаҳоро таъин ва муайян менамояд. Замони ироаи паём тақрибан 30-40 дақиқа буда, моҳияти онро вакилону аъзои парлумон бидуни қабули қарор ё баррасии он ба инобат мегиранд.

Бо дар назардошти воқеияти иқтисодиёти миллӣ ва таъсиру аҳамияти начандон муассири Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳони муосир мувофиқи мақсад мебуд, ки президент оид ба чанд масъалаи муҳиму стратегии давлатдории муосири тоҷик дар робита ба сиёсати дохилию хориҷӣ суханронӣ карда, андешаҳояшро ба таври усулӣ иброз намуда, замони суханрониашро низ маҳдуд мекард.

Масалан, ҷиҳати ба вуҷуд овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ ва беҳтар кардани фаъолияти озод ба субъектҳои муносибатҳои иқтисодӣ ба кодекси андоз зарурати кадом тағйиротҳо ҳаст ва инчунин боз  кадом қонунҳои мушаххас ислоҳотро тақозо мекунанд.

Бо мақсади вонамуд кардани иродаи сиёсӣ ба омилҳо ва сабабҳои асосии таҳкими заминаҳои кору фаъолияти созмонҳои иҷтимоӣ ба хусус аҳзоби сиёсӣ, ҳамчун шарти рушди устувори ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмину кафолати  иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат, инчунин беҳтар кардани сатҳ ва сифати зиндагии шаҳрвандон низ ибрози ақида мешуд.

Дар мавриди сиёсати хориҷӣ кадом корҳо бояд анҷом дода шавад, то дар муносибатҳои байналмилалӣ ва густариши робитаҳои ду ҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо давлатҳои алоҳида ва созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ, таҳаввулоти назаррасро эҳсосу дарк бикунем. Тағйироти афкори байналмилалӣ ҷиҳати беҳтар гардидани эътибори он на танҳо ба муҳоҷирони корӣ таъсири мусбат мерасонад, балки ба тамоми соҳаҳои муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ таъсири муассир мерасонад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика