Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоБузургтарин таҳдид…!?

Бузургтарин таҳдид…!?

Дар шабакаи фейчбук имрӯз матлаберо дидам аз соли 2014 бо унвони “Президент ба амниятиҳо: Бузургтарин таҳдид сиёсӣ кардани ислом аст”.  Ин матлабро дар сомонаи  “ Озодагон” хондаму ба фикр фурӯ рафтам.

 Диктаторҳо аз Исломи сиёсӣ метарсанд?

Ин аввалин саволе буд, ки ба зеҳнам омад. Каме андешидам. Бештар аз Ислом метарсанд ё аз  ба сиёсат кор гирифтани дигарон. Зайд Саидов, ки ҳизби  исломӣ сохтани набуд. Ӯ исломро сиёсӣ карданӣ набуд. Ӯ сиёсатро мардумӣ карданӣ буд. Пас маълум мешавад, ки зери коса нимкосае ҳаст. Бузургмеҳр Ёров ва Шуҳрат Қудратов ҳам исломӣ набуданду исломро сиёсӣ кардан ҳам намехостанд.  Танҳо мехостанд фаъолияти сиёсӣ кунанд. Пас чаро муҷозот шуданд?

Пас маълум мешавад, ки диктаторҳ сиёсатро монополя кардан мехоҳанд. Балки кардаанд. Ҳаркасе бидуни иҷозати онҳо ва дар муқобили онҳо бихоҳад камтарин фаъолияти сиёсӣ анҷом диҳад ӯро саркуб мекунанд.

Аз тарафи дигар мардуми диндорро ҳатто бо баҳонаи риш доштан таҳқиру таҳдид мекунанд. Ҷамоати таблиғ дар дунё бо он маъруф аст, ки ба сиёсат коре надорад. Аммо дар кишвари мо онро мамнуъ карданд. Бо хатибону уламои исломӣ ҳам ҷанг эълон карданд. Қисми зиёди онҳоро зиндонӣ карлданд. Ҳатто бо ришу либоси мардум ҳам ҷанг эълон карданд.

Магар  касе риш гузорад исломро сиёсӣ кардааст? Магар ҳиҷоби исломиро риоят кардан ин сиёсӣ кардани ислом аст?

Маълум мешавад, ки онҳо аз сиёсиҳои ғайриисломӣ ҳам метарсанд ва Исломи ғайрисиёсӣ ҳам дар ҳаросанд.

Пас мушкил куҷост ва таҳдиди воқеӣ чист?

Мушкил дар андешаву афкори диктатории мансабдорон аст. Ба хусус Раҳмон  ба як диктатори ифротие табдил шудааст, ки дигар намехоҳад камтарин интиқодро бишнавад. Ӯ худро соҳиби замин, мол ва ҳатто ҷони мардум мепиндорад. Чоплусии атрофиёнаш ӯро ба як инсони аз нигоҳи равонӣ бемор табдил додааст. Ӯ дучори бемории равонии худшефтагӣ аст. Ӯ касеро бо худаш баробар намедонад. Фикр мекунад дар ҳамаи соҳаҳо ва дар  ҳамаи илмҳо  ӯ донотар аз дигарон аст.

Мушкил дар системае ҳаст, ки мансабдорону масъулинаш барои “Пешво” хизмат мекунанд на барои мардум. Мансабдороне, ки худро дар баробари “пешвояшон” аз ғулом ҳам камтар ҳис мекунанд. То он ҳад, ки ҷуръат ва тавони пешниҳод карданро надоранд чи расад ба интиқод кардан.

Пас маълум мешавад, ки бузургтарин таҳдид  ин шинохт, андеша ва боварҳои ғалати пешвову пешвопарастон аст. Шеваи пешгирифтаи онҳо дар воқеъ таҳдиди аслӣ ба амнияти миллату давлати мост. Ҳамин сиёсатҳои ифротгароёнаи зиддидинии   пешвоҳову пасвоҳо аст, ки мардумро ноумед мекунад ва онҳоро ба самти хушунат тела медиҳад.

Имрӯз онҳо бо ҳар андешаву фикри мухолиф меҷанганд. Андешаи мухолифро тавони шунидан надоранд. Бар хилофи тамоми меъёрҳои илмиву динӣ эълон мекунанд, ки дар кишвар мухолиф вуҷуд надорад.

Бинобарин таҳдиди воқеӣ ба амнияти миллату давлати мо ҳукумати хонаводагист.

Таҳдиди воқеӣ диктатура ва истибдод аст.

Таҳдиди воқеӣ  монополияи имконот ва иқтисоди кишвар аз тарафи як хонавода аст.

Таҳдиди воқеӣ қудратталабии беморгунаи як шахс аст.

Таҳдиди воқеӣ  бесаводии фарогир, мансабфурушӣ, заминфурушӣ ва ғулом сохтани мардум аст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика