Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳо80 миллион сармояи соҳиби номаълуми ширкати “Сафед дара” барои  маҷмуаи варзишӣ

80 миллион сармояи соҳиби номаълуми ширкати “Сафед дара” барои  маҷмуаи варзишӣ

Сафедорак макони варзишҳои зимистона дар наздикии Душанбе аст, ки дирӯз  Президент Раҳмон онҷо суханронӣ намуда ба лижаронӣ ҳам машғул шудааст. Ӯ дар ҳоле ба ин маҷмуаи варзишӣ рафтааст, ки гуфта мешавад соҳиби нави ин маҷмуа, ки пештар онро бо 2 миллион сомонӣ харидорӣ карда буд, ҳоло бо 80 миллион онро бозсозӣ кардааст.  Дар як соли пеш пас аз фуруши ин маҷмуи варзишӣ ба ширкати “Сафед дара” пинҳон мондани номи соҳибони ин ширкат ҳам сарусадоҳои зиёдеро дар расонаҳо ба вуҷуд овард. Аммо пас аз онки Шамсулло Соибов домоди Раҳмон роҳбари анҷумани намудҳои зимистонаи варзиш  гардид, аксарият ба ин натиҷа расиданд, ки ин маҷмуъа  ҳам аз доираи оила берун нарафтааст. Мисли ширкати пулчинаки IRS соҳиби ин ширкат ҳам яке аз афроди хонаводаи Президент ва ба эҳтимоли зиёд Шамсулло мебошад.

Масъалаи эълон накардани номи соҳибони ширкатҳо дар Тоҷикистон як масъалаи оддӣ шудааст. Зеро Раҳмон дарк кардааст, ки ба хонавода ва наздикони худаш бо нархҳои арзон фурухтани иншоотҳои муҳими кишвар рӯзе барояш дарди сар эҷод хоҳад кард. Аз тарафи дигар агар соҳибони ин ширкатҳо маълум шаванд, муҳри таъйиде хоҳад буд бар хонаводагӣ будани ҳукумати ӯ ва диктатор будани худаш.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика