Ба гузориши созмонҳои муҳоҷират соли 2016 фирори мағзҳо аз Тоҷикистон рекордӣ шуд. Владислав маркеевич роҳбари раёсати муҳоҷирати ВКД Русия ба радиои озодӣ гуфтааст, ки дар соли 2016 аз Тоҷикистон 14000 оила хостори куч бастан ба Русия шудаанд.
Аммо ин ғайр аз он касоне аст, ки ба таври инфиродӣ талаби паноҳандагӣ аз Русия кардаанд. Агар руйхати онҳоро ҳам ба ин омор изофа кунем маълум нест ин рақам ба чанд мерасад. Аммо режими Раҳмон дар ин замина танҳо ба мардум ваъда медиҳад ва то имрӯз барои баргардондани муҳоҷирон, таъмини онҳо бо ҷои кор ва ё ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо ягон барномаи мушаххас ва реалиро пешниҳод накардааст.
Агар ба ҳамаи инҳо омори паноҳандагони сиёсиро дар кишварҳои Аврупо изофа кунем боз ҳам ин рақам болотар меравад. Агар мардуми муҳоҷири муқими Туркияро ҳам ба онҳо изофа кунем воқеан инсонро даҳшат фаро мегирад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои ҳимоят аз муҳоҷирон ва таъмини онҳо бо ҷои кор, ҳамеша дар ҳама кишварҳо тоҷикони муҳоҷирро ифротӣ, тундгаро ва экстремист муаррифӣ кардааст. Ин кори ҳукумат сабаби он мешавад, ки мардум ва мақомоти дигар кишварҳо ба тоҷикон бо нафрат нигоҳ кунанд ва бо онҳо беэҳтиромона рафтор намоянд. Вақте инсоне дар кишвари худаш арзиш ва эҳтиром надошта бошад, дар кишвари дигар чигуна ба ӯ эҳтиром мегузоранд?