Меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”, ки дар маркази Душанбе дар ҳоли сохта шудан аст, соли панҷум аст, ки аз пардохти молиёт ва боҷ озод мешавад.
Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ин меҳмонхона аз боҷи гумрукӣ барои масолеҳи воридкунандаи сохтмонӣ ва андоз барои соли 2017 ҳам озод шудааст. Сар аз соли 2013 ин меҳмонхона аз пардохти андозу боҷ озод мешавад, аммо то ҳанӯз сохтмонаш ба анҷом нарасидааст. Ҳаҷми маблағе, ки аз пардохташ ин меҳмонхона озод мешавад, солона ҳудуди 10 миллион сомонӣ аст.
Номгӯи маҳсулоте, ки аз пардохти боҷи гумрукӣ барои имсол низ озод шудаанд, аз тарафи Ҳукумат тасдиқ гардида, Хадамоти гумрук муваззаф шудааст, барасмиятдарории гумрукии номгӯи тасдиқшударо сари вақт ба роҳ монад.
Фармоишгари масолеҳ барои сохтмони ин меҳмонхонаи панҷситорадор, тибқи қарори имзонамудаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷамъияти саҳҳмоии “Доллмарк ЛТД” ва пудратчии асосии сохтмон ҷамъияти “Алю Тара” будааст. Фармоишгари сохтмон бошад, Дастгоҳи иҷроияи Раисҷумҳур гуфта шудааст, ки роҳбарии онро Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад.
Дар ҳамин ҳол. тибқи иттилои манобеъи мо, ин меҳмонхона ба шахси Озода Раҳмон таъаллуқ дорад ва истифода аз номи Дастгоҳи иҷроия, танҳо пӯшиш додани озодкунии бизнеси духтари Раисҷумҳур аз боҷу андоз мебошад.
Ин бори аввал нест, ки бизнеси аъзои оила аз пардохти боҷу андоз озод мешавад, балки ин кор ба ҳукми анъана даромадааст. Пурсарусадотарин ва калонтарин озодшавӣ аз андоз роҳи мошингарди Душанбе — Чанак аст, ки ба Озода Раҳмон ва шавҳараш Ҷамолиддин Нурализода таъаллуқ дошта, солона ҳудуди як миллиард сомонӣ даромади соф дорад.
Дар ҳамин ҳол ҷамъоварии даромади буҷаи Тоҷикистон, ки асосан аз ҳисоби андоз аст, бо вуҷуди қарзу кӯмакҳои зиёди хориҷӣ ва фишори Кумитаи андозу дигар мақомот ба бизнес, имсол бо беш аз 300 миллион камбуд ҷамъбаст шуд.