Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоАслиҳаи Толибон дар Тоҷикистон таъмир мешавад?

Аслиҳаи Толибон дар Тоҷикистон таъмир мешавад?

Волии собиқи вилояти Кундуз гуфтааст, танку мошинҳои зиреҳпӯши ҳаракати Толибон дар қаламрави Тоҷикистон аз тарафи муҳандисони рус таъмир мешаванд.

Дар гуфтугӯ бо радиои паштузабони «Spogmai» волии қаблии вилояти Кундузи Афғонистон сабаби фаъолшавии соли охири Толибонро ба ҳамкории ин гурӯҳ бо Русия арзёбӣ карда, ду бор суқут кардани шаҳри Кундузро низ ба ҳамин вобаста донистааст.

Ин сиёсатмадори афғон бар ин назар аст, ки яроқу аслиҳа, тонку тӯп ва мошину зиреҳпӯшҳое, ки Толибон аз артиши ҳукумати ин кишвар дар натиҷаи ҷангҳо ғанимат мегиранд, билофосила ба Тоҷикистон интиқол дода шуда, онҷо тармим мегардад ва ба Толибон баргардонида мешавад, то дар ҷанг алайҳи артиши ҳукумати Афғонистон истифода гардад.

 Русия ҳамкориаш бо Толибонро рад намекунад ва иддао дорад, ки ин ҳамкорӣ баро пешгирӣ аз густариши ДОИШ дар минтақа ва интиқоли ҷанг ба он аст. сабаби ҳамкориашон бо Толибонро русҳо чунин шарҳ медиҳанд, ки ҳадафи Толибон ҷиҳоди ҷаҳонӣ набуда, танҳо афғонистон аст. аммо ДОИШ мехоҳад дар кулли дунё ҷиҳодро ба роҳ монад. Чун Толибон бо ДОИШ созгор нестанд, Русия мехоҳад бо онҳо дар мубориза бо ДОИШ ҳамкорӣ кунад. Чанде қабл мақомоти ин кишвар гуфта буданд, ҷангиёни ДОИШ аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон тавассути чархболҳо интиқол дода мешаванд.

Соле қабл расонаҳо аз вохӯрии мақомоти баландпояи Русия бо роҳбарони Толибон дар Душанбе хабар дода буданд.

Волии собиқи вилояти Кундуз ягона сиёсатмадори афғон нест, ки аз ҳамкории Тоҷикистон бо Толибон сухан мекунад. Қаблан як мақоми баландпояи нерӯҳои амнияти Афғонистон ба хабаргузории “Франс пресс” гуфта буд, ки аслиҳаҳои мутааллиқ ба Толибон, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ёфт шудаанд, сохти Русия буда, тавассути Тоҷикистон интиқол шудаанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Толибонробо шиддат рад мекунанд.   

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика