Мардеро, ки бо либоси Бобои барфӣ ба клубе дар Истамбул ворид шудаву 39 нафарро кушт, шаҳрванди Ӯзбекистон ё Қирғизистон тахмин задаанд.
Нашрияи “Ҳуррият”-и Туркия навиштааст. ки байни ин амали террористӣ ва таркиши моҳи июни фурӯдгоҳи Отатурки Истамбул умумияте дида мешавад. Бо гузориши расонаҳо, имрӯз ДОИШ бо пахши як байния масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.
Ин марди қотил, ки 39 нафарро кушта, қариб 70 нафари дигарро маҷрӯҳ кардааст, то ҳанӯз дар озодӣ қарор дорад ва пулиси Истамбул ӯро меҷӯяд.
Дар миёни кушташудагон шаҳрвандони Туркия ва хориҷиҳо низ ҳастанд. Дар як моҳи охир ин бори чандум аст, ки Туркия мавриди ҳамлаҳои терористӣ қарор мегирад.. Вазири дохилии Туркия теъдоди кушташудагони ин ҳамларо 39 нафар ва захмиҳоро 65 нафар эълон кард. Ӯ таъкид кард, ки то ҳол ҳуввияти 21 нафар аз кушташудагон маълум шудааст, ки 16 нафарашон хориҷӣ ва 5 нафар шаҳрванди Туркия ҳастанд.
Аксари роҳбарони кишварҳои ҷаҳон ҳамдардии худро ба ҳукумат ва мардуми Туркия баён карданд.
Ба гуфтаи баъзе коршиносони масоили Туркия, чандест амалҳои террористии ин кишвар ҳадафмандона анҷом мешаванд. Ҳадаф аз ин ҳамлаҳо он аст, ки ҳукумати Туркияро ба як ҳукумати пулисӣ табдил диҳанд. Мехоҳанд дастовардҳои охири Туркия дар заминаи озодӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоии онро камранг намоянд ва ҳукумати Раҷаб Тайб Эрдугонро дар ҳолати дифоъӣ қарор диҳанд.
Бархе аз коршиносони масоили Туркия бар ин боваранд, ки ҳукумати имрӯзаи Туркия яке аз намунаҳои нодирест, ки тавонистааст бо дар канори ҳам гузоштани арзишҳои исломӣ ва дунявӣ ба муваффақиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии бузурге даст ёбад. Ҳоло баъзеҳо мехоҳанд байни ин арзишҳо тазод эҷод намоянд ва аз ин роҳ дастовардҳои Туркияро ҳадаф қарор диҳанд.