Санаи 31- декабр, дар арафаи соли нав аз тарафи масъулини додситонии вилояти Суғд раиси додгоҳи вилояти Суғд Иброҳимзода Анвар (дар гузашта Юсупов Анвар Иброҳимович) ҳангоми баргардонидани 4000 доллари ба сифати пора қаблан аз як махкумшуда гирифтааш, дастгир карда шуд.
Тибқи иттилои манбаи Паём.нет дар додситонии вилояти Суғд, маҳкумшуда барои сабук намудани ҷинояти содиркардааш ва ҷазои таъин намудаи додгоҳ, ба раиси додгоҳи вилояти Суғд 4000 доллари ИМА медиҳад. Аммо раис ба ваъдааш вафо намекунад. Маҳкумшуда чандин маротиба ба утоқи кории раис рафта, талаб мекунад, ки маблағашро баргадонад. Билохира Иброхимзода санаи 31- декабрро, ки рӯзи истироҳат буд, барои баргардонидани пораи қаблан гирифтааш интихоб мекунад. Аммо ин ҳолат ба додситонии вилояти Суғд маълум шуда, баъди баргардонидани маблағ шаҳрвандро дар баромадгохи бинои Додгоҳи вилоят дастгир мекунанд ва далели шайъӣ — 4000 доллар гирифта мешавад.
Шаҳрванд пурра иқрор шуда, нишондод медиҳад. Камераҳои назоратти дар дохили бинои додгоҳ насбшуда исбот менамоянд, ки шаҳрванд махз ба утоқи кории раиси додгоҳ даромада, баъди чанд дақиқа мебарояд ва ӯро кормандони додситонӣ дастгир мекунанд.
Манбаи мо мегӯяд, ин хабар дар арафаи соли нав «боло»- ро хашмгин намуда, супориш мешавад, ки раиси суд довталабона аризаашро навишта аз кор равад, зеро дирӯзакак раиси додгоҳи яке аз калонтарин ноҳияҳои ҷумҳурӣ — Б. Гафуров барои гирифтани пора маҳкум карда шуд.
Айни замон раиси додгоҳи вилояти Суғд дар озодӣ, мунтазири фармони Раисҷумҳур дар бораи аз вазифа озод намуданаш аст.
Манбаи мо дар додситонӣ мегӯяд, писари Анвар Иброҳимзода, ки дар Оҷонсии мубориза бо фасоди вилояти Суғд кор мекунад, аз даҳҳо нафар бо роҳи фиреб ва сӯистифода аз мансаби падараш маблағ гирифта, ҳоло таҳти назорат қарор дорад ва ояд ба зудӣ мавриди пурсиш қарор гирад.
Дар ҳоле, ки раиси додгоҳи вилоят Иброҳимзода бо вуҷуди дастгир шуданаш дар ҷои ҷиноят дар озодӣ қарор дорад, шахси пулашро бозпасгирифта барои додани пора ҳабс карда шудааст.
Ҳанӯз ягон расонаи расмӣ дар ин бора хабар нашр накардааст, чун ин ҳолат аз мардум пинҳон дошта мешавад. Манбаи мо мегӯяд барои “шарманда нашудани” мақомоти судӣ, шояд ин қазия танҳо бо аз вазифа гирифтани Иброҳимзодаву писараш пӯшида шавад.