Анвар Иброҳимзода, раиси додгоҳи вилояти Суғд бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз вазифааш озод карда шудааст.
Дар фармони Раисҷумҳар таҳти рақами 795 омадааст:
“Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иброҳимзода Анварҷон аз вазифаи раиси суди вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон”.
Ин фармон дирӯз бегоҳ содир шудааст.
Чуноне, ки субҳи дирӯз Паём.нет хабар дода буд, санаи 31- декабр, дар арафаи соли нав аз тарафи масъулини додситонии вилояти Суғд раиси додгоҳи вилояти Суғд Иброҳимзода Анвар (дар гузашта Юсупов Анвар Иброҳимович) ҳангоми баргардонидани 4000 доллари ба сифати пора қаблан аз як махкумшуда гирифтааш, дастгир карда шуд.
Тибқи иттилои манбаи Паём.нет дар додситонии вилояти Суғд, маҳкумшуда барои сабук намудани ҷинояти содиркардааш ва ҷазои таъин намудаи додгоҳ, ба раиси додгоҳи вилояти Суғд 4000 доллари ИМА медиҳад. Аммо раис ба ваъдааш вафо намекунад. Маҳкумшуда чандин маротиба ба утоқи кории раис рафта, талаб мекунад, ки маблағашро баргадонад. Билохира Иброхимзода санаи 31- декабрро, ки рӯзи истироҳат буд, барои баргардонидани пораи қаблан гирифтааш интихоб мекунад. Аммо ин ҳолат ба додситонии вилояти Суғд маълум шуда, баъди баргардонидани маблағ шаҳрвандро дар баромадгохи бинои Додгоҳи вилоят дастгир мекунанд ва далели шайъӣ — 4000 доллар гирифта мешавад.
Шаҳрванд пурра иқрор шуда, нишондод медиҳад. Камераҳои назоратти дар дохили бинои додгоҳ насбшуда исбот менамоянд, ки шаҳрванд махз ба утоқи кории раиси додгоҳ даромада, баъди чанд дақиқа мебарояд ва ӯро кормандони додситонӣ дастгир мекунанд.
Дар ҳоле, ки раиси додгоҳи вилоят Иброҳимзода бо вуҷуди дастгир шуданаш дар ҷои ҷиноят дар озодӣ қарор дорад, шахси пулашро бозпасгирифта барои додани пора ҳабс карда шудааст.