Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоБоздошти бародари Ҷаннатуллоҳи Комил тавассути амнияти Данғара

Боздошти бародари Ҷаннатуллоҳи Комил тавассути амнияти Данғара

Хабарҳо аз Тоҷикистон ҳокист, ки мақомоти шуъбаи КДАМ дар н. Данғара бародари фаъоли сиёсӣ, Ҷаннатуллоҳи Комилро боздошт карданд.

Бар асоси манбаъи хабаргузории “Паём”, субҳи имрӯз (4 январи 2017) як гурӯҳ аз шахсон бо либосҳои мулкӣ Зубайдуллоҳ Комилов, бародари 38-солаи фаъоли сиёсӣ Ҷаннатуллоҳи Комилро дар шоҳроҳи Себистон – Душанбе дар як мошин савор карда, ба ҷои номаълум бурданд.”

Ба гуфтаи манбаъ: “Ин ҳодиса субҳи имрӯз дар деҳаи Хоҷашақиқи Балхии ҷамоати Себистони н. Данғара, ки хонаи падарии Ҷаннатуллоҳ дар онҷо қарор дорад, рух додааст.”

Ин манбаъ афзуд: “Баъдтар, як гурӯҳ аз мақомоти КДАМ-и ин ноҳия ба яке аз аъзои хонавода гуфтанд, ки фардо субҳ (05.01.2017) ба дафтари амният барои бозҷӯӣ ҳозир шавад ва онҳо иқрор шуданд, ки Зубайдуллоҳ аз тарафи мақомоти мазкур боздошт шуда будааст.”

Манбаъи мазкур ба Паём гуфт, ки то ҳол бародари Ҷаннатуллоҳ  дар боздоштгоҳ аст.

То ҳол сабаби боздошти бародари ин фаъоли сиёсӣ маълум нест, аммо ин фишорҳо ба аъзои хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил ба эҳтимоли зиёд ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ дар хориҷ аз кишвар марбут аст.

Интизор меравад, ки фардо субҳ боз яке аз аъзои хонаводаи Ҷаннатулоҳ барои бозпурсӣ ва таҳқиқ ба шуъбаи КДАМ дар н. Данғара бояд биравад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин бори аввал нест, ки аъзои хонаводаи ин фаъоли ҲНИТ боздошт мешаванд, балки КДАМ чандин бор бастагони ӯ, аз ҷумла модари 72-солаи ӯро, ки аз бемории дил ва фишори хун ранҷ мебарад, боздошт ва бозҷӯӣ карданд.

Мақомоти амниятӣ пештар ин модари 72-соларо водор карда буданд, ки дар наворе ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, аз фарзандаш хост, ки то ба ҳукумат фишор наорад ва ба Ватан баргардад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?