Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоПули сомонӣ аз беқурбтарин пулҳои кишварҳои ИДМ

Пули сомонӣ аз беқурбтарин пулҳои кишварҳои ИДМ

 Бонкии марказии Русия, аз натиҷаи як санҷиши  асъорӣ хабар дода гуфтааст, дар соли 2016 пули сомонии Тоҷикистон дар баробари доллар 10,4 дарсад қурби худро аз даст дод .

Аз авоили соли 2016 пули сомонӣ ба аз даст додани қурби худ оғоз карда  вале  бо тадбирҳои сахтгиронаи Бонки миллии Тоҷикистон то охири сол аз уфти зиёди  қадри пули сомонӣ ҷилавгирӣ шуд .

Имрӯзҳо ҳар доллар дар бонкҳои Тоҷикистон ба қиммати 7 сомониву 88 дирам то 7 сомониву 90 дирам хариду фурӯш мешавад .

Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар пайи болоравии қурби доллар барои ҳифзи қурби пули сомонӣ дар асоси дастурамал,  аввоили соли 2016 тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор ё саррофиҳоро баста, амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷиро танҳо дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳо ва саридораҳои ташкилотҳои қарзӣ роҳандозӣ намуд.

Соли сипаришуда арзиши суми пули миллии Узбекистон низ дар баробари доллар 16 дарсад коҳиш ёфтааст .

Қурби суми Узбекистон аз 2 ҳазору 810 сум барои ҳар доллар дар аввали январи соли 2016 ба 3 ҳазору 232 сеюм дар аввали январи соли 2017 расидааст .

Гуфта мешавад, дар соли 2016 қурби пули миллии Қазоқистон, Қирғизистон ва рубли русӣ дар баробари доллар афзоиш ёфта манати Туркманистон низ дар баробари доллар арзиши худро ҳифз кардааст .

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика