Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоМаблағи сиёҳкунии шишаҳои мошинҳо куҷо меравад?

Маблағи сиёҳкунии шишаҳои мошинҳо куҷо меравад?

Тоҷикистон на танҳо аз камтарин кишварҳоест, ки барои сиёҳкунии шишаҳо аз соҳибони автомобил пул меситонад, балки нархи сиёҳкунии шишаҳо байни кишварҳое, ки барои ин кор пул меситонанд, гаронтарин аст.

Замоне, ки қонун дар бораи ба ивази маблағ иҷоза додани сиёҳкунии шишаҳо қабул шуд, нархи иҷозаи он барои як сол 500 доллари амрикоӣ бо қурби ҳамонвақта қабул шуда буд. Баъдан ин маблағ барои мошинҳои қабл аз соли 2005 истеҳсолшуда то 400 доллар поишӯн бурда шуд, аммо барои мошинҳои баъди соли 2005 500 доллар боқӣ монд. Бо қурби ҳамонвақта 500 доллар 2500 сомонӣ мешуд. Баъди поёнравии қурби сомонӣ, маблағи иҷозаро ба 2500 сомонӣ барои мошинҳои кӯҳна ва 3100 сомогнӣ барои мошинҳои нав боло бурданд.

Алъон қимати иҷоза барои сиёҳкунии шишаҳои мошинҳои кӯҳна бо қурби имрӯза ҳудуди 3150 ва мошинҳои нав ҳудуди 3950 сомонӣ аст.

Вақте Эмомолӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қабули ин қонунро шарҳ медод, гуфта буд, ки маблағҳои аз иҷозаи сиёҳкунии шишаҳои мошинҳо бадастомада ба фонди Роғун равона карда мешаванд. Аммо бо гузашти 6 сол аз қабули ин қонун, аз ҳисоби иҷозатномаҳо миллионҳо сомонӣ ба даст омадаанд, ҳеҷ ҳисоботе оиди ин маблағҳо расонаӣ нашудааст ва дастраси ҷомеъа нест. На аз ҳаҷми маблағи ҷамъшуда, на аз ба куҷо рафтани он маблағҳо ва на аз он, ки агар ба фонди Роғун равона шуданд, чӣ корҳои бо ин маблағҳо анҷом дода шудааст.

Ҳолдоҳо ҳамон вақт мегуфтанд, ки аслан ҳарфи Роғун дар миён набуда, сиёҳкунии шишаҳо бизнеси яке аз духтарони раисҷумҳур аст. Яъне тамоми маблағҳое, ки аз фурӯши иҷозатномаҳо ба даст меоянд, ба кисаи духтари  раисҷумҳур меравад.

Дар ҳамин ҳол, як нафар, ки худро корманди масъули “Амонатбонк” муаррифӣ карда, аз зикри номаш худдорӣ намудааст, дирӯз ба Паём.нет навиштааст, ки маблағҳои аз фурӯши иҷозати сиёҳкунии шишаи мошинҳо бадастомада ба асъори хориҷӣ иваз карда шуда, ба суратҳисобе дар VP Bank (VPI) Limited дар ҷазираҳои Вирҷиниёи Бритониё гузаронида мешавад. Манбаъ навиштааст, ҳатто замоне, ки дар кишвар камубди шадили асъори хориҷӣ дида мешуд, ин маблағҳо бидуни мамониат иваз карда шуда, ба он суратҳисоб ирсол мешуданд.

Паём.нет аз манбаъ дархост кард нусхаи расид аз ин амалиётро ба мо ирсол кунад, вале ҳанӯз посухе нарасидааст. Хуб мешуд, ки мақомот оиди ин маблағҳо гузориш медоданд, то мардум бидонад, ки ин ҳама маблағи ба “Амонатбонк” барои сиёҳкунии шишаи мошинҳо супоридашуда куҷо мераванд.

Дар сурати расидани маълумоти бештар, мо ҳатман нашр хоҳем кард.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика