Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоКлаппер: мудохилаи Русия дар интихоботи Амрико фаротар аз шикастани имейлҳо буд

Клаппер: мудохилаи Русия дар интихоботи Амрико фаротар аз шикастани имейлҳо буд

Ҷеймз Клэппер, раҳбари иттилооти миллии ИМА гуфт, ки мудохилаи давлати Русия дар интихоботи Амрико фаротар аз шикастани имейлҳои ҳизби демократ аст, ва ин фақат бахше аз як амалиёти густурда дар таблиғот ва шубҳаафканӣ будааст.

Ин мақоми иттилоотӣ рӯзи панҷшанбе тайи шаҳодати худ дар муқобили комиссиюни нируҳои мусаллаҳи маҷлиси сенати Амрико гуфт, ки Русия аз равишҳои мухталиф барои мудохила дар муассисоти амрикоӣ истифода кардааст.

Шаҳодати ин мақоми амрикоӣ замоне садо медиҳад, ки ихтилоф байни Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаб ва мақомоти иттилоотии ИМА боло рафтааст. Трамп қарор аст рӯзи ҷумъа бо мақомоти иттилоотии Амрико дидор кунад ва дар мавриди ҳамлаҳои сайберии давлати Русия дар ҷараёни интихоботи ахири ин кишвар гуфтугӯ кунад.

Клэппер ба комиссиюни маҷлиси сенат гуфт «агарчӣ таваҷҷуҳи зиёде ба мавзӯъи шикастани имейлҳо шудааст, аммо ин фақат бахше аз кампини чандҷониба иҷрошуда аз сӯи Русия будааст».

Клэппер дар мавриди шабакаи телевизиони русӣ «РТ» , ки аз сӯи Кремл таъмини молӣ мешавад, гуфт: «албатта РТ ба шиддат баъзе аз нуқтаи назарҳоро тарвиҷ мекард ва низоми моро зер суол мебурд».

Ӯ афзуд, ки Русия аз ҳар камбудӣ дар низоми Амрико сӯъистифода мекунад ва барои мисол дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо интишори ахбори дурӯғин ва таблиғот Амрикоро муттаҳам ба дурӯягӣ дар бораи ҳуқуқи башар мекунад. Ў гуфт, ки ба унвони як масъул ва шаҳрванди амрикоӣ нигарони талошҳои Русия аст.

Дар ин нишаст сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн, аз Клэппер пурсид, ки ба назари ӯ иқдомоти Русияро метавон ҳамла ба Амрико таъбир кард. Клэппер дар посух гуфт, мақомоти иттилоотӣ наметавонанд аз таъбири “иқдоми ҷангӣ” истифода кунанд, аммо ба назари ӯ ин иқдомот бисёр сангин ҳастанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика