Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз рӯзноманигори тоҷик Абдураҳим Шукуров талаб кардаанд бо онҳо ҳамкорӣ кунад, аммо баъди посухи рад додани ӯ ба таҳдид гузаштаанд.
Тибқи иттилои худи Абдураҳим, ки алъон дар Лаҳистон муҳоҷир аст, аз ӯ хостаанд дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ба КДАМ маълумот ирсол кунад. Вақте ӯ нахост бо онҳо ҳамкорӣ кунад, таҳдид кардаанд, ки сирри як баёноти ӯро, ки ба ин ниҳод додааст фош хоҳанд кард. Ҳамчунин дар Тоҷикистон қарор доштани модар, хоҳар ва бародари ӯро “хотиррасон” кардаанд.
Матни таҳдиди КДАМ ба рӯзноманигори тоҷик, ки ӯ дар ихтиёри Паём.нет гузошт, чунин аст (бидуни тағйирот): “бародар Рахимчон, ман хамун одаме ки Шумо кати пештар аз номи акаи Сухроб сухбат карда будам. бародар Шумо як суханои моя гуш кунед мо ба Шумо имконият додем ки суханрони кунед. одами бо адаб ин хел намекунад охир!! бародар ту дар ин чо модар дори, хохарар дори, бародарат, фикр кун. ту он хуччатхое ки имзо карди (Занча) дар ед дори? бародар ман метавонам ки онхоро ба рафикони мухтарамат ки бо ту хастанд пахн кунам бад медони чи мешавад? нисбати ту маълумотхои кофи хастанд ки парвандаи чинояти огоз гардад. фикр кун бо аклона фикр кун дар хамун ракам чавоб дех. Ман хаминхел мекунам ки ба пойхои худат ба Ватан бармегарди аз онхо рондаву бар дасти мо омада. Як бор нагзи кати гуфтам калимаи ЗАНЧА-ро аз ед набарор бо он матни навистагиат. Шармандагиро хохон боши имконият нихоят бисер!!
2) дар паем нет, дар фейсбук, дар радиои зело пахн мекунам он матни навистаат бо бо имзои гузошта ва сабти овозат оиди хам….и”
Сӯҳробе, ки дар ин паёмак зикр шудааст, ба гуфтаи Абдураҳим Сӯҳроб Раҷабов, масъули шӯъбаи кор бо васоити ахбори омма ва хабарнигорони КДАМ будааст. Ҳуҷҷатҳои имзокардаи Абдураҳим, ки зикр мешавад, баёноте будааст, ки соли 2014 аз ӯ гирифта шудааст.
“Соли 2014 барои сӯҳбат бо мақомот даъват шуда будам. Чор соат зери фишори равонӣ будам, баъд пешниҳод карданд, ки ҳамкорӣ кунам. Ва маълум шуд, ки ҳадафашон ман нестам. Ман гуфтам бошад, чӣ кор кунем” — гуфт Абдураҳим дар сӯҳбат бо Паём.нет.
Як моҳ баъд маълум шудааст, ки баъзе амалиёте зидди Зафари Сӯфӣ ва ҳафтаномаи “Озодагон” роҳандозӣ кардаанд ва мехостанд Абдураҳимро, ки дар онҷо кор мекард, истифода баранд. Ҳадафашон, ба гуфтаи Абдураҳим, бастани “Озодагон” ва зиндони кардани Зафари Сӯфӣ будааст.
“Вале ман кори “Озодагон”-ро бас кардам ва то имрӯз ин масалро ба ҳеҷ кас нагуфтам” — гуфт Абдураҳим.
“Занҷаро фаромӯш накун”, ин ибораеро, ки дар паёмаки таҳдидии корманди КДАМ омадааст, Шукуров чунин шарҳ дод, ки вақте аз ӯ баёнот оиди ҳамкорӣ бо ин ниҳод мегирифтанд, аз ӯ хостаанд тахаллусе ба худаш интихоб кунад. Ӯ лақаби худаш «Занҷа»-ро, ки байни дӯстону ҳамсинфонаш маъруф будааст, интихоб кардааст.
Таҳдид оиди боз кардани парвандаи ҷиноятӣ, ошкор кардани асрор, фишор болои хонавода ва ғайра усули маъмӯлии кормандони КДАМ аст, ки нисбати мухолифон ва дигарандешон истифода мекунанд.
Абдураҳим мегӯяд ӯ аслан аз ҳеҷ сире нигаронӣ надорад, то имрӯз ҳар фишоре болояш мешуд пинҳон медошт, аммо минбаъд дар сурати ҳар фишоре ба худаш ва наздиконаш ҳатман расонаӣ хоҳад кард.