Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, марди тирандози фурӯдгоҳи Форт-Лодердей дар иёлоти Флорида, рӯз ҷумъа дар толори таҳвили бор, аслиҳаи худро аз ҷомадон берун овард ва ба тарафи мусофирон оташ кушод. Ў тавонист қабл аз дастгирӣ 5 нафарро бикушуд ва 8 нафарро захмӣ кунад.
Ба гузориши хабаргузории “Ассошейтин пресс”, фарди тирандоз як кӯҳнасарбози амрикоӣ аст, ки аз мақомоти давлати ИМА ба хотири мушкилоти равонии худ шикоят кардааст.
Шоҳидони айнӣ гуфтаанд тирандоз баъд аз тамом шудан тирҳояш, аслиҳаро ба замин андохт ва рӯй замин дароз кашид. «Мардум бо ваҳшат ба ҳар сӯ мегурехтанд ва ӯ бидуни ҳеҷ ҳадафи хосе тирандозӣ мекард».
Тирандоз, Истибан Сантягои 26 сола аз шаҳри Анкурҷи иёлоти Аляска муаррифӣ шуда, ки дар горди миллӣ дар Ироқ хидмат мекардааст ва соли гузашта ба хотири камбудӣ дар хидмат ба истеъфо гусел шуда буд. Бародараш мегӯяд, ки ӯ ахиран таҳт дармон равонӣ қарор гирифтааст.
Мақомоти интизомии ИМА ба “Ассошейтн пресс” гуфтанд, ки Сантяго моҳи ноябри гузашта ворид дафтари FBI дар шаҳр Анкурҷ шуд ва гуфт, ки давлати Амрико ӯро аз назари равонӣ таҳти контрол дорад, ва маҷбураш мекунад видеоҳои ДОИШ-ро тамошо кунад.
Ин мақомот, ки нахостанд номашон фош шавад гуфтаанд, ки мутаваҷҷеҳи ҳаяҷон ва суханҳои Сантяго шуданд ва полисро дар ҷараён гузоштанд, ва ӯ барои ташхиси саломатии равонӣ ба пизишк муаррифӣ шудааст.
Мақомот гуфтаанд, ки ангезаи Сантяго аз ин ҳамла дар дасти баррасӣ аст. Бил Нелсон, сенатори Флорида, баъд аз ин тирандозӣ гуфт, бояд дид оё ин иқдоме террористӣ буда ва ё кори «як фард бо ихтилоли равонӣ аст».
Сантяго ҳам акнун дар боздошти полис аст ва қарор аст рӯз душанбе ба додгоҳ биравад.
Бинобар қавонини ИМА мусофирони ҳавопаймо иҷоза доранд аслиҳаи худро дар дохил ҷомадон гузошта, ба бор таҳвил диҳанд. Онҳо бояд ҳангоми вуруд эълон кунанд, ки аслиҳа доранд.
Сантяго бо парвози ширкати ҳавопаймоии Делта, аз фурудгоҳи Анкурҷи Аляска ба мақсади Флорида ҳаракат кардааст, бино ба гузориши полиси фурӯдгоҳи Анкурҷ, ӯ ҳангоми савор шудан вуҷуд аслиҳа дар ҷомадони худро эълом кардааст.