Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоМуносибати Тошканд ва Бишкек печидатар мегардад

Муносибати Тошканд ва Бишкек печидатар мегардад

Ходимони умури дохилаи Ӯзбакистон чаҳор нафар мардуми қирғизтаборро аз Унгартепа ном мавзеи сарҳадии байни ду кишвар ба ҳабс гирифтанд. Гуфта мешавад, ин афрод кормандони шабакаи радиореле будаанд, ки ҳамакнун дар СИЗО-и ноҳияи Янгиқӯрғони вилояти Намангон нигаҳдорӣ мегарданд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома доранд.

Боздошти шаҳрвандони қирғизтабор дар ҳолест, ки ҷониби Узбакистон иддао дорад, мавзеи Унгартепа шомили хоки Узбакистон аст ва ин афрод марзи ин кишварро тахриб кардаанд. Алҳол кормандони умури дохилаи Узбакистон, ки 22 юми август бо ду чархбол ба ин мавзеъ сафарбар гашта буданд, минтақаи мазкурро зери назорат гирифтаанд ва аз  вуруду убури бегонагон ҷилавгирӣ менамоянд.
Ин моҷаро дар Қирғизистон боиси баҳсҳои гарм дар сатҳи ҳукумат шуда, то худи президети ин кишвар Алмазбек Атамбаев рафта расид ва ӯ аз зердастонаш  дархост намуд, ки ҳуҷҷатҳоеро дар ин робита пайдо намоянд, ки мавзеи Унгартепа мутааллиқи Узбакистон аст, ё хайр. Дар натиҷа маълум гардидааст,ки 23 юми сентябри соли 2006 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон дар Тошканд комиссияе иборат аз шахсони масъул ба ҳуҷҷате имзо намудаанд ва мавзеи Унгартепа вобастаи Узбакистон дониста шудааст. Ин ҳуҷҷат дар рӯзҳои баҳси марзӣ дар ВАО и Қизғизистон интишор гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш мақомоти қирғиз як пулиси узбакистониро боздошт намуданд ва ба ҷурми тахриби марз парвандаи ҷиноятӣ кушода, 23 августи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Олабулоқи Қирғизистон бо ҳукме вайро дар ҳаҷми 294 доллари амрикоӣ ҷарима баст ва аз хоки кишвар берун намуд. Ҳамчунон гуфта мешавад, ки Қирғизистон дар атрофи обамбори Косонсой постгоҳҳои худро насб намудааст ва ин хашми Тошкандро барангехтааст.  Узбакистон талаб дорад, ки Қирғизистон постгоҳҳояшро аз Косонсой барчинад.
Дар ҳамин ҳол президент Албазбек Атамбаем гуфтааст, ки ҷониби Қирғизистон ҳарчанд замоне ба ҳуҷҷати марбути Унгартепа имзо кардаанд, аммо марз ҳанӯз аз ҷониби ду тараф аломатгузорӣ нашудааст ва боздошт гардидани чаҳор шаҳрванди ин кишвар аз ҷониби пулиси Узбакистон ғайриқонунист ва дар Унгартепа мондани мақомоти интизомии ҳамсоякишвар низ ҷоиз намебошад.
Бишкек талаб дорад, ки Узбакистон дастаи пулиси худро аз Унгартепа берун орад. Аммо Тошканд дар иҷрои ин талаб чандон саросема нест

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика