Манобеъи пизишкии Миср рӯзи душанбе таъкид кардаанд, ки дар пайи як амалиёти интиҳорӣ дар шаҳри Ал-ъариш дар шимоли Синои Миср, ки бо истифода аз як худрави зубола, ки бомбагузорӣ шуда сурат гирифт , 9 маъмури пулис кушта ва 10 полиси дигар захмӣ шуданд.
Бар асоси ин гузориш 6 шаҳрванди ғайринизомӣ низ захмӣ шудаанд, ки ба ҳамроҳи захмиҳои пулис ба бемористони умумии Ал-ъариш мунтақил шудаанд.
Манобеъи амниятӣ дар шимоли Сино кашф кардаанд, ки худрав мутааллиқ ба ширкат «Красервис» дар Алъариш, чанд рӯз пеш тавассути ирҳобиҳо дуздида шуда буд.
Ин манобеъ афзуданд, ки нафари интиҳорӣ ба василаи худрави бомбгузоришуда ба посгоҳи бозрасӣ дар минтақаи Аламтофӣ дар шаҳри Алъариш ҳамла кард. Дар асар ин ҳамла постгоҳи бозрасӣ комилан сӯхта шуд ва 9 маъмури полис кушта ва 16 тани дигар захмӣ шуданд, ки 6 нафари аз онҳо ғайринизомӣ ҳастанд.
Тибқи гузориши «Алърабия.нет» манобеъи амниятӣ ба ин расона гуфтаанд, ки худрави бомбгузоришуда ба посгоҳи бозрасӣ дар маҳаллаи Аламсоъид бархӯрд кард ва дар асари он теъдоде кушта ва захмӣ шуданд ва шуморе аз ҳуҷумкунандаҳо низ дар даргирии сангин бо маъмурон кушта шуданд.
Гузоришгари “Алъарабия” бо нақл аз шоҳидони айнӣ дар минтақа гузориш додааст, ки ҳамла бо шиллики гулӯла оғоз шуд ва дар ҳоле, ки тирандозии сахте миёни маъмурон ва таҳоҷумгарон дар ҷараён буд, худрави бомбгузоришуда ба посгоҳи бозрасӣ бархӯрд кард.
Дар идомаи ин гузориш омада, ки пас аз инфиҷори худрав, муҳоҷион ба даруни посгоҳи бозрасӣ нуфуз карда, шуморе аз ғайринизомиёнро низ захмӣ карданд.
Аз сӯи дигар артиш ва пулиси Миср нирӯҳои кӯмакӣ ба минтақаи амалиёт эъзом кардаанд ва то лаҳзаи танзими ин гузориш даргирӣ бо муҳоҷимин идома дорад ва чархболҳои “Апачи” аз ҳаво дар таъқиби онҳо ҳастанд.