Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоЗабҳи 13290 сар чорвои калон ва 71219 сар чорвои хурд… Омори аз...

Забҳи 13290 сар чорвои калон ва 71219 сар чорвои хурд… Омори аз бонк дақиқтари Кумитаи дин

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш аз фаъолияти яксолааш гузориш дода, омореро ироа кард, ки аз омори баъзе бонкҳои Тоҷикистон дақиқтар аст.

Ин Кумита на танҳо аз шумори дақиқи ҳамаи маъракаҳои баргузоршуда дар кишвар хабар додааст, балки дар тамоми кишвар забҳ шудани чанд сар чорворо ба ҳисоб гирифта, хароҷоти мардум дар ин маъракаҳо ва фоидаи дар натиҷаи назорати ин кумита ба даст овардаи мардумро ҳам, тин ба тин ҳисоб кардааст.  

Чуноне ки ҷонишини раиси ин кумита Ҷумъахон Ғиёсов дар ин нишаст зикр кард, “дар соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 137590 адад маърака барпо гашт. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 511 миллиону 353 ҳазору 121 сомониро ташкил дод.”

Масъулини Кумита ҳатто маблағеро дақиқан ҳисоб кардаанд, ки агар қонуни танзим қабул намешуд, мардум масраф мекард:  “Агар нишондиҳандаҳоро то давраи қабули Қонун муқоиса намоем, мувофиқи ҳисоботи оморӣ он вақт барои баргузории ин теъдод маърака беш аз 1 миллиарду 203 миллиону 912 ҳазору 500 сомонӣ маблағ лозим меомад.”

Дар натиҷаи ҳисобу китоби дақиқи ин кумита, маблағе ҳам, ки дар дасти мардум дар натиҷаи қабули ин қонун ва назорати Кумитаи дин чун сарфа боқӣ мондааст, тин ба тин зикр шудааст: “Дар баргузории маъракаҳои хатна, тўйи домодию арўсӣ, чил ва сол дар ин давра беш аз 692 миллиону 559 њазору 379 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст.”

Кумита шумори чорвоҳоеро ҳам, ки дар хонаҳои мардум забҳ шудааст, дақиқан ҳисоб намуда, танҳо аз интишори маълумот дар бораи ҳаҷми гӯшти хӯрдаи мардум худдорӣ кардааст: “Дар ин давра, дар ҷумҳурӣ аз тарафи шаҳрвандон 23285 хатнасур, 81356  тўйи домодию арӯсӣ, 17531 маъракаи чил ва 15418 маъракаи сол бо забҳи 13280 сар чорвои калон ва 71219 сар чорвои хурд гузаронида шуд.

Ин кумита ҳамчунин муваффақ шудааст дар натиҷаи гузаронидани 22893 рейд дар хонаҳои мардум, хазинаи давлатро ба 2427590 сомонӣ ғанитар гардонад: “дар соли 2016 вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 912 парванда ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ворид шуда, 767 парванда баррасӣ, 17 адад қатъ ва 128 адад парванда дар истеҳсолоти судӣ қарор доранд. Маблағи аз ҳисоби ҷаримаҳои парвандаҳои баррасишуда 2 миллиону 427 ҳазору 590 сомониро ташкил медиҳад.”

Масъулини Кумита ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3542 масҷиди панҷвақта, 69 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 3989 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо муътадил тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда  истодаанд.

Ҷумъахон Ғиёсов таъкид кард, ки “фаъолияти Кумита дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳо ва нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика