Sunday, February 8, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСадама дар нақби Шаҳристон ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе Чаноқро қатъ кард

Садама дар нақби Шаҳристон ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе Чаноқро қатъ кард

Дар натиҷаи садамаи автомобилӣ бо иштироки се мошини боркаш дар дохили нақби Шаҳристон, ҳаракати нақлиёт дар ин масир барои беш аз чор соат қатъ шуд.

Се мошини боркаш, ки яке аз Душанбе ба Хуҷанд ва дуи дигар аз Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат мекарданд, дар дохили нақби Шаҳристон ба ҳам бархӯрданд, ки дар натиҷа нақб аз соати 18.15 то 22.20 баста шуд.

Тибқи иттилои намояндагии Вазорати ҳолатҳои фавқулъода дар вилояти Суғд, кормандони ин ниҳод ронандагони мошинро, ки дар дохили мошинҳояшон монда буданд, аз онҷо берун кашида, ба беморхона интиқол додаанд. Яке аз мошинҳо ҳам дирӯз аз дохили нақб бароварда шудаанд. Қарор аст имрӯз ду мошини садамадидаи дигар аз онҷо берун кашида шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular