Дар натиҷаи садамаи автомобилӣ бо иштироки се мошини боркаш дар дохили нақби Шаҳристон, ҳаракати нақлиёт дар ин масир барои беш аз чор соат қатъ шуд.
Се мошини боркаш, ки яке аз Душанбе ба Хуҷанд ва дуи дигар аз Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат мекарданд, дар дохили нақби Шаҳристон ба ҳам бархӯрданд, ки дар натиҷа нақб аз соати 18.15 то 22.20 баста шуд.
Тибқи иттилои намояндагии Вазорати ҳолатҳои фавқулъода дар вилояти Суғд, кормандони ин ниҳод ронандагони мошинро, ки дар дохили мошинҳояшон монда буданд, аз онҷо берун кашида, ба беморхона интиқол додаанд. Яке аз мошинҳо ҳам дирӯз аз дохили нақб бароварда шудаанд. Қарор аст имрӯз ду мошини садамадидаи дигар аз онҷо берун кашида шавад.