Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоТрамп ба нақши Русия дар ҳамалоти интернетӣ эътироф кард

Трамп ба нақши Русия дар ҳамалоти интернетӣ эътироф кард

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар аввалин нишасти хабарӣ пас аз пирӯзӣ дар интихоботи ин кишвар, эътироф кард, ки Русия дар ҳамалоти ифшогаронаи интернетӣ алайҳи ҳизби демократи ИМА даст доштааст.

Трамп, ки баъди 9 рӯзи дигар ба унвони раисҷумҳури Амрико ҷойи Барак Обамаро хоҳад гирифт, ба хабарнигорон гуфт: “илова бар Русия, дастҳои дигаре низ дар паси ҳамалоти интернетӣ ба ҳизби демократ дар даврони интихобот будаанд”.

Трамп зимни таъкид бар ин, ки бархе расонаҳо иттилооти иштибоҳӣ дар бораи давлати нав мунташир мекунанд, афзуд: “дастҳое вуҷуд доранд, ки ҷузъиёти гуфтугӯҳои ман бо созмонҳои иттилоотиро ба берун мебароранд.

Ӯ идома дод: “бидуни таваҷҷӯҳ ба ин, ки омили ҳамалоти интернетӣ кист, мо сипари дифоъӣ барои муқобила бо ин ҳамалот, эҷод хоҳем кард.”

Раисҷумҳури мунтахаби Амрико зимни такрори ин иттиҳом, ки давлати Обама ДОИШ-ро сохтааст, дар бораи робита бо Русия гуфт: “ин кишвар метавонад шарики хубе барои мо дар набард бо ДОИШ бошад. Агар Владимир Путин, Доналд Трампро дӯст дорад, ин ба нафъ мост.”

Ӯ, ки соате қабл аз ин нишасти хабарӣ, дар твиттер ҳар гуна иртиботе байни худ ва Русияро рад карда буд, бори дигар бар адами ҳар иртиботи пинҳонӣ ва додугирифте таъкид кард.

Трамп иддао кард, беҳтарин тими мумкин барои идораи Иёлоти муттаҳидаро ба кунгураи ин кишвар муаррифӣ кардааст. Ў гуфт барнома дорад, ки миллиардҳо доллар сарфи таъсис ширкатҳое кунад, ки мунҷар ба афзоиши ҷои кор дар Амрико шавад. Ў идома дод: “ҳар сол миллиардҳо долларро бинобар набудани тавозун тиҷорӣ бо Чин, аз даст медиҳем.

Ӯ дар бораи ояндаи Амрико гуфт, соли 2017 ба далели мероси бад ва ноодилонае, ки Обама барои Амрико ба мерос гузошт, соли сахте хоҳад буд, лекин ӯ ҳама талошро барои таъдили барномаи бимаи саломатӣ, ки Обама онро бино гузошта буд, хоҳад кард.

Ӯ бо ишора ба деворе, ки ният дорад байни Амрико ва Мексика бунёд кунад, гуфт: Иёлоти муттаҳидаи Амрико ҳазинаи ин деворро хоҳад пардохт, лекин Мексика дар оянда ин маблағро бозпас хоҳад дод. Ў идома дод: “мумкин буд музокироти мо ва Мексика якуним сол тӯл кашад, вале ман намехоҳам мунтазир бимонам”.

Доналд Трамп дар бораи тиҷоратҳои хонаводагиаш гуфт: “писаронам ширкатҳоро идора хоҳанд кард ва дар заминаи идораи кишвар ҳеҷ мудохилае нахоҳанд кард. Мо ҳама талошамон барои ҷудо кардани ду мавзӯъ — идораи тиҷорати хонаводагӣ ва идораи кишварро хоҳем кард.”

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика