Маҳмадсаид Убайдуллоев пас аз 20 соли шаҳрдории пойтахт бо чор муовинаш аз вазифаи раисии шаҳри Душанбе барканор шуд.
12-уми январ президент Эмомалӣ Раҳмон вафодортарин ёри ҳукуматаш Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз риосати шаҳри Душанбе канор зад ва ба ҷои ӯ писараш Рустами Эмомалиро ба ин курсӣ шинонд.
Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тай чанд соли ахир пайваста талош мекард, ки аз нуфӯзи ҷонибдорони Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Тоҷикистон ва бахусус дар шаҳри Душанбе бикоҳад. Дар ин раванд чан маротиба бо роҳҳо ва баҳонаҳои мухталиф тиҷорати онҳоро заъиф, моликияташонро тахриб ва ё мусодира карда буд.
Ҳолдонҳо мегӯянд, пеш аз дар охири соли 2014 ва оғози соли 2015 Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарки ин фишору таҳдидҳои мармузи ҳукумати оилавӣ, хост обурӯмандона аз симати худ канор биравад ва ба ин хотир аризаи истеъфояшро навишта ба раёсати ҷумҳурӣ тақдим карда буд, аммо он замон худи Эмомалӣ Раҳмон талаби истеъфояшро қабул накард.
Аз ҷониби дигар, канор рондани Маҳмадсаид Убайдуллоев аз раёсати пойтахт ба маънои танг кардани доираи фаъолияти «клан»—ҳои Фархорӣ дар ҳукумати хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон ва аз шаҳраки Данғара қаламдод карда мешавад.
Коршиносон ба ин назаранд, ки то як соли дигар Убайдуллоев аз раёсати Маҷлиси Миллӣ ҳам канор хоҳад рафт.
Зиндагинома:
- 1974-1975, Сармуҳандиси гурӯҳи идора ва назорати корҳои шабакаҳои иттилоотӣ-ҳисоббарорӣ ва мошинҳои ҳисоботии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) Раёсати омори вилояти Кӯлоб, ш.;
- 1975-1976, Сармуҳандиси шабакаи ҳисоббарии мошинавии Раёсати омори вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
- 1976-1979, Директори маркази ҳисоббарории Раёсати омори вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
- 1979-1981, Инструктори шӯъбаи корҳои ташкилии Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб;
- 1981-1983, Мудири шӯъбаи корҳои ташкилии Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб;
- 1983-1985, Шунавандаи Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар Тошканд, ш. Тошканд;
- 1985-1986, Муовини сардори Раёсати омори марказии ҶШС Тоҷикистон, ш.;
- 1986-1988, Мудири шӯъбаи саноат, нақлиёт ва маҳсулоти ниёзи мардуми Кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
- 1988-1990, Сардори Раёсати омори вилояти Хатлони Раёсати марказии омори ҶШС Тоҷикистон, ш.;
- 1990-1992, Муовини Раиси Кумитаи Иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб, ш. Кӯлоб;
- 1992-1994, Муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
- 1994-1996, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;
- 1996 – то айни замон Раиси шаҳри Душанбе;
- 2000- то айни замон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе.
- 2007 – 2009, Раиси Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Иқтисодии АврОсиё (ЕврАзЭС).
- Маҳмадсаид Убайдуллоев — , дар , вилояти Кӯлоб (айни ҳол ) ба дунё омадааст. Падар – Маҳмудов Убайдулло (ваф. 2007), модар – Назирова Саъбагул (ваф. соли 1986); оиладор, ҳамсар – Каримова Рӯзигул; соҳиби ду писар ва як духтар.
- Дар Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон таҳсил намудааст (1968 — 1970), Донишкадаи Политехникии ба номи Ленини Харковро хатм намудааст (), Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар бо баҳои аъло хатм намудааст ().
(Маълумот дар бораи зиндагинома аз Википедия бардошта шудааст)