Шӯрои иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо дареғу таассуф аз даргузашти бародари Қиёмиддин Аваз бар асари садамаи нақлиёт дар Русия хабар ёфта, ба Қиёмиддин Аваз ва хонаводаи муҳтарами ӯ ҳамдардӣ ва таслият арз мекунад.
Марҳум Хайриддин Аваз, бародари Қиёмиддин, як ҷавони хушахлоқ, боҳаё ва ватандуст буд, ки пас аз зиндонӣ шудани бародараш Қиёмиддин, ба Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буду ҳам хонаи худ ва ҳам хонаи Қиёмиддинро сарпарастӣ мекард.
Чанд рӯз пештар, садамаи ниқлиётӣ дар Русия рух дода буд, ки дар пайи он Хайриддини ҷавон дори фониро падрӯд гуфт ва бархе бародарон машғули интиқоли ӯ ба Тоҷикистон буданд, аммо аз баски аҳли хонаводааш, аз ҷумла Қиёмиидин, аз ин ҳодиса хабар надоштанд, то имрӯз номаи таслият расонаӣ нашуд.
Қиёмиддин Аваз дар ҳоле ин хабари ҷонкоҳро мешунавад, ки дар кунҷи зиндон ба сар мебараду бо туҳматҳои беасос ба 28 сол зиндони низомаш сахт маҳкум шудааст. Ҳамчунин, падари бузургсолаш, ки вазъияти саломатиаш вахим гуфта мешаваду аз зиндон шудани ҷигарбандаш ранҷ мебарад, инак ҷасади беҷони ҷигарбандаш вориди хонааш шуд.
ШИ ҲНИТ реҳлати нобаҳангоми Хайриддин Авазовро бори дигар ба Қиёмиддин Аваз ва бастагонаш таслият гуфта, барои онҳо сабри ҷамил ва барои марҳум ҷаннатул-фирдавсро хоҳон аст.
Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод!
Шӯрои иҷроияи ҲНИТ
12.01.2017
* Манбаъ: сафҳаи фейсбукии Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ
**Ин аст линки видеои ҷасади беҷони Хайриддин Аваз. Афроди ҳассос лутфан тамошо накунанд https://vimeo.com/199152764