Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоДар телевизинҳои Тоҷикистон мутахассис намерасад

Дар телевизинҳои Тоҷикистон мутахассис намерасад

Маҳмадсаид Пирзода, раҳбари Кумитаи телевизин ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабариаш иттило дод, ки дар телевизионҳои кишвар мутахассис намерасад.

Пирзода гуфт, Кумита барои ба кор қабул кардани мутахассисон озмун эълон кардааст. Дар ин нишасти хабарӣ, ки имрӯз, 13 январ баргузор шуд раиси Кумитаи телевизион ва радио гуфт, ин ниҳод мехоҳад аз ҳисоби ҷалби ҷаононони соҳибистеъдод камбуди мутахассисонро бартараф кунад. Барои ин кор дар семоҳаи ҷорӣ озмун эълон хоҳад шуд.

Норасоии мутахассисон дар ВАО-и кишвар дар ҳолест, ки даҳҳо рӯзноманигори варзида аз кишвар фирор кардаанд. Нақзи озодии баён, фишор болои рӯзноманигорони озод, таъқиби озодандешон ва ҳатто боздошти онҳо боис шудааст, рӯзноманигорони саршинос тарки Тоҷикистон кунанд.

Маҳмадсаид Пирзода инчунин иттило дод, ки минбаъд барномаҳои таҳлилӣ дар телевизионҳои кишвар 60 дарсад афзоиш хоҳанд ёфт. Ин дар ҳолест, ки коршиносон ва бинандагони телевизионҳои давлатӣ барномаҳои фароғатӣ дар ин шабакаҳоро аз ҳад зиёд медонанд ва чанд нафар ҳатто бо шӯхӣ пешниҳод намуда буданд, ҳшабакаҳои давлатӣ “МузТВ” номида шуда, рақамгузорӣ шаванд. Мисли “МузТВ-1”, “МузТВ-2” ва ғайра.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика