Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоЧаро муовинони Рустами Эмомалӣ “зодаи Тоҷикистон” муаррифӣ шуданд? Ё рӯфтани “клани Фархор”...

Чаро муовинони Рустами Эмомалӣ “зодаи Тоҷикистон” муаррифӣ шуданд? Ё рӯфтани “клани Фархор” идома дорад

Муовинони Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе ва ҳатто худи ӯро дафтари матбуотии Раисҷумҳур дар шарҳи ҳолашон “зодаи Тоҷикистон” муаррифӣ кардааст. Оё ин иқдом гоме ба сӯи мубориза бо маҳалгароӣ аст ё ангезаи дигаре дорад?

Дар асл ин нафарон зодаи кадом минтақаи Тоҷикистонанд? Агар воқеъан ин иқдом ба хотири мубориза бо маҳалгароӣ анҷом шуда бошад, пас онҳо бояд намояндагони ҳамаи маҳалҳои кишвар, ки дар пойтахт сукунат доранд, бошанд. То мардум бовар кунад, ки Рустами Эмомалӣ бо яке аз хатарноктарин бемориҳои ҷомеъаи Тоҷикистон ба мубориза оғоз кардааст. Ва дар сурати расиданаш ба мансаби баланди сатҳи ҷумҳуриявӣ мубориза бо маҳалгароиро дар кулли кишвар ба роҳ хоҳад монд.

Мутаассифона вазъ баръакси ин гуфтаҳост. Ва сабаби пинҳон доштани сакони таваллуди мансабдорони нави пойтахт на мубориза бо маҳалгароӣ, балки пинҳон доштани афзоиши маҳалгароӣ дар кобинаи Рустам аст: Тибқи иттилои манбаъи мӯътамад, ҳамаи ин нафарон зодаи ноҳияи Данғара мебошанд.

Рустами Эмомалӣ на танҳо тамоми муовинони соҳибтаҷрибаи Убайдуллоевро барканор карда, ҷои онҳо данғарагиҳои содиқ ба худашу падарашро гузоштааст, балки ба “рӯфтан”-и асари раиси қаблии шаҳр дар пойтахи оғоз кардааст. Баъди иваз кардани раиси телевизиони пойтахт, Рустам имрӯз раҳбари Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии (МБТИ) шаҳри Душанбе Саидҳомид Маҳмудов, ки хеши Маҳмадсаид убайдуллоев аст, барканор карда, ба ҷояш яке дигар аз “зодагони Тоҷикистон” Толиб Мирзораҳимовро таъин кардааст.

Саидҳомид Маҳмудов қаблан чун раиси ширкатҳои ҷанҷолбарангези “Q-Net” ва “7 бурҷ” шӯҳрат пайдо карда буд. Дар баҳси “Q-Net” Убайдуллоев пинҳонӣ аз Маҳмудов дифоъ кард ва ӯро аз маҳбасшавӣ наҷот дод. Сипас, дере нагузашта, ба раҳбарии МБТИ таъинаш кард.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика