Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоБеш аз 30 кушта дар суқути ҳавопаймо дар Бишкек (Видео)

Беш аз 30 кушта дар суқути ҳавопаймо дар Бишкек (Видео)

Давлати Қирғизистон эълом кард, суқути як ҳавопаймои борбар дар наздики фурӯдгоҳи Бишкек, пойтахти ин кишвар дар субҳи рӯзи душанбе, мунҷар ба кушта шудани дасти кам 32 нафар шуд.

Вазорат тандурустии Қирғизистон гуфт, шумори кушташудагон дар ҳоли афзоиш аст ва бар асоси охирин омор 32 нафар кушта шудаанд, ки 6 нафар аз онҳо кӯдак ҳастанд. Ин ҳавопаймо дар як минтақаи маскунӣ дар наздики фурӯдгоҳ суқут кардааст.

Як мақоми фурӯдгоҳи “Манас” ба расонаҳо гуфт, ҳавопаймо дар соат 7:40-и бомдод ба як сохтмони маскунӣ дар наздики фурӯдгоҳ бархӯрд кардааст ва як видео аз маҳали ҳодиса ҳавопайморо дар ҳоли сӯхтан нишон медиҳад.

Ба гузориши хабаргузориҳо, ин ҳавопаймо, ки аз Ҳонконг озими “Манас” буд ҳангоми фурӯдоӣ ба далели вазъи бади ҳаво суқут кардааст. Аз чаҳор сарнишини ҳафопаймо 3 нафар кушта ва 1 нафар ҷон ба саломат бурдааст.

Хабаргузории Франс-пресс ба нақл аз шоҳидони айнӣ гуфт, ки ҳавопаймо дар як шаҳраки наздики фурудгоҳ суқут карда, хонаҳои бисёре ба кулли вайрон шудаанд, дар ҳоле ки сокинони хонаҳо дар хоб будаанд. 

Расонаҳо ин ҳавопайморо моли ширкати «Туркиш эйрлайнз» гуфтанд, аммо худи ин ширкат эълон кард, ки на ҳавопаймо ва на сарнишинони он ҳеҷ иртиботе ба «Туркиш эйрлайнз» надоранд.

Раисҷумҳури Қирғизистон пас аз ин рӯйдод сафари худ ба кишвар Чинро нотамом гузошт ва ба кишвараш бозгашт.

Алмосбек Атамбоев сешанбе, 17 январро рӯзи мотами умумимиллӣ эълон кард.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика