Маҷлиси Туркия дар даври аввал ба нафъи ислоҳи қонуни асосии ин кишвар раъй дод, ки бар асоси он ихтиёроти Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури ин кишвар афзоиш меёбад.
Маҷлиси Туркия дар соатҳои охири рӯз якшанбе ислоҳи 18 моддаи қонуни асосиро тасвиб кард ва бино ба қонунгузорӣ нишасти дуввуми маҷлис барои тасвиби ниҳоии он 2 рӯз баъд сурат мегирад.
Ҳизб ҳокими “Адолат ва тавсеа” ва ҳизби миллигарои МНР аз ин ислоҳи қонун ҳимоят карданд, ки ба гуфтаи Урдуғон, раҳбари Туркияро тақвият мекунад ва ҷилави бозгашт ба даврони ҳукуматҳои заиф ва иътилофии гузаштаро мегирад.
Дар сурате, ки маҷлис Туркия ин қонунро тасвиб кунад, дар баҳори оянда ин қонун ба ҳамапурсӣ гузошта хоҳад шуд.
2 ҳизби мухолифи СНР ва ҳизби НДР-и тарафдор курдҳо ба ин қонун мухолифат варзида, зиди он овоз доданд.
Бар асоси қонуни асосии ҷадид, раисҷумҳур ҳаққи судури фармон дорад, ва метавонад узви аҳзоб бошад. Бар асоси қонуни ҷадид, интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва маҷлис дар сол 2019 баргузор мешавад, ва раисҷумҳур ҳақ хоҳад дошт барои 2 давраи 5 сола баргузида шавад.
Ин қонун барои он, ки ба ҳамапурсӣ гузошта шавад бояд 330 раъй аз 550 курсии маҷлисро дошта бошад. Ҳизб ҳоким 316 раъй , ва ҳизб МНР 39 раъй дар маҷлиси Туркия дорад.