Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоШоҳиён ягон нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро надидааст

Шоҳиён ягон нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро надидааст

Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти матбуотиаш изҳор кард, ки шахсан надидааст, ки ҳуқуқи ягон кас дар кишвар нақз шуда бошад.

Шоҳиён на танҳо ба волоияти ҳуқуқи инсон дар кишвар бовар дорад, балки мутмаъин аст, ки ҳеҷ парванда ва маҳбусе дар Тоҷикистон сиёсӣ нест. Ӯ на танҳо парванда ва ҳабси Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров, ҳатто парвандаи ҲНИТ-ро ҳам сиёсӣ намедонад.

Раиси Додгоҳи Олӣ дар мавриди парвандаи Зайду Бузургмеҳр гуфт: “Тамоми меъёру муқаррароти санадҳои байналмиллалӣ дар доираи Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон риоя шудаанд ва аз ҷониби коршиносони байналмиллалӣ ҳам баҳои хеле баланд дода шудаанд.”

Шоҳиён гуфт Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров на ба хотири ташкили ҳизб ва дифоъ аз маҳбусони ҲНИТ, балки баро қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳо боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Изҳороти созмонҳои байналмиллалиро дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, Шоҳиён “кори онҳо” номид ва гуфт, ки “шахсан надидаам, ки аз ҷониби мақомоти додгоҳӣ ҳуқуқи касе нақз шуда бошад”.

Раиси Додгоҳи Олӣ дар ҳоле аз ҷой надоштани нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳарф мезанад, ки созмонҳои байналмиллалӣ аз торафт бадтар шудани он бонги хатар мезананд.

Ҳамчунин тибқи маълумотҳои расида, маҳбусини сиёсӣ, аз ҷумла аъзои ҲНИТ дар рӯзҳои охир бо шиддат шиканҷа мешаванд. Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров ҳам дирӯз дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, сар аз 31 декабри соли гузашта ҳеҷ иттилое аз бародараш надорад ва ҳатто вақте хӯроки бурдаашро қабул мекунанд, посухашро аз Бузургмеҳр намеоранд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика