Сохтмони 15 табақаи маркази савдои “Плоску” дар Теҳрон, ки аз субҳи панҷшанбе, 19 январ дучори сӯхтор шуда буд, ба таври комил фурӯ рехт. Телевизиони расмии Эрон омори аввалияи кушташудагони ҳодисаро 30 тан эълом кард. Ҳамчунин сухангӯёни Хадамоти оташнишонии Эрон аз афзоиши шумор маҷрӯҳон ба 70 тан хабар медиҳанд.
Саргард Алӣ Асғар Шарифӣ, раиси Маркази иттилорасонии пулиси Теҳрон бо эъломи хабари вуқӯъи оташсӯзии густурда дар сохтмони маркази савдо воқеъ дар наздикии сафорати Туркия дар Теҳрон гуфт: «аз соати пеш шӯълаҳои оташ ва дуди ғализи ношӣ аз оташсӯзӣ аз яке аз табақоти ин сохтмони идориву тиҷорӣ мушоҳида шуд, ки билофосила нерӯҳои имдодӣ аз маъмурони пулис ва наҷотгарони оташнишонӣ дар маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, амалиёт имдодрасониро оғоз кардаанд».
Пеш аз ин Ҷалолуддин Маликӣ, сухангӯи созмони оташнишонӣ ва хадамоти эминии шаҳри Теҳрон аз паҳншавии оташ дар сохтмони “Плоску” хабар дода буд ва ҷузъиёти амалиёти беш аз 200 оташнишон дар ин ҳодисаро шарҳ дода буд.
Маликӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИСНО дар ин бора гуфт: «вуқӯъи ҳодисаи оташсӯзӣ дар сохтмон дар соат 7:59 субҳи имрӯз ба сомонаи 125 иттилоъ дода шуд, ки ба думболи он билофосила ситоди фармондеҳии оташнишонон чандин истгоҳро ба ҳамроҳи тонкери об, тушаки наҷот ва болобар ба маҳалли ҳодиса дар буриши хиёбонҳои Ҷумҳурии исломӣ ва Фирдавсӣ эъзом кард».